Хабарҳо КОМЁБИҲОИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ ДОНИШҶӮЁНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ Бо admin Охирин навсозӣ May 27, 2022 0 Санаи 27 майи соли 2022 даври ниҳоӣ ва маросими ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ бахшида ба солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дар МДТ “Коллеҷи омӯзгорӣ ба номи Хосият Махсумовна”-и ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид. Абдухолиқзода Лутфия Абдухолиқ – муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қабл аз оғози маросими ҷамъбасти озмун ва ҷоизасупорӣ ба ғолибон, суханронӣ намуда, изҳор доштанд, ки доварони озмун заҳмату талошҳои ҳар нафар иштирокчиро ба назар гирифта, ба натиҷаи кори онҳо баҳои воқеъбинона доданд. Сипас маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмун доир гардид. Аз ҷамъи иштирокчиёни озмун аз МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” 1 нафар аз фанни информатика сазовори дипломи дараҷаи дуюм – Ғаниев Ш.Ҳ., донишҷӯи факултети Кори табобатӣ, 1 нафар аз фанни химия сазовори дипломи дараҷаи сеюм – ва 1 нафар аз фанни биология сазовори ҷойи ифтихорӣ гардиданд. Дар ҷамъбасти озмун, роҳбари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода, ки ҳамзамон раиси Шӯрои директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, як зумра фаъолони озмун, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгоронро бо сипосномаю ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда, ба директори МДТ “Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ”, барои ташкил ва баргузории озмуни мазкур дар сатҳи олӣ, сипоснома ва тӯҳфаҳои хотирмон тақдим намуданд. Пеш 1 то 21 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан