Имрӯз дар муассиса бо иштироки кормандону омӯзгорон филми “Шикасти фитна” ба намоиш гузошта шуд. Ҳозирин аз тамошои филми мазкур бардошти хуби сиёсиву шаҳрвандӣ гирифта аз чигуна фитна андохтани мамлакатҳои ғарбӣ ва маблағи муфту ночиз ба даст овардани баъзе аз фарзандони нохалафу нафспараст огоҳ шуданд.
Чуноне бузургворе гуфтааст:
Дардо, ки рози пинҳон хоҳад шуд ошкоро…
Дар воқеъ ҳар амале дар ҳаёти одамӣ ба вуқуёӯъ мепайвандад рӯзе аз рӯзҳо ошкор мешавад ва масъулини он албатта подоши кори худро мегиранд. Чуноне, ки аз қаҳрамонҳои филми имрӯза ба ҳамагон маълум шуд эшон тули 10 солаи ахир пайваста ба вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва қонуншиканиҳо даст доштаанд, ки оқибат ба пушаймониву шармсорӣ дар назди миллат анҷом ёфт.
Аз ин рӯ ҳар шахси комилро мебояд барои ҳифзи ҳар порчагии ватани худ виҷдонан фаъолияти меҳанати намуда барои осоиштагиву сулҳу амнияти кишвар ҷидду ҷаҳд намояд.
Номаи гузашта