ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ДИРЕКТОРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР ГАРДИД.
(10-ИЮНИ 2022)
Ҷаласаи Шӯрои директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси низомномаи Шуро ва нақшаи солона ба роҳ монда, санаи 10-июни соли равон дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ ҷаласаи навбатии Шуро баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Абдулхолиқзода Лутфия Абдулхолиқ, намояндаи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Нахуст ҷаласаро Раиси Шӯрои директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашуриён Ш. С. ифтитоҳ намуда, қайд карданд, ки баргузории Шӯрои директорон ва таҳлилу барраси рӯзномаи Шӯро дар баланд гардидани сатҳу сифати таълим ва дурнамои шароити таълими муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ мусоидати калон менамоянд.
Тибқи нақшаи кории ҷаласаи директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои зерин дар ҷаласа мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтанд:
1.Фаъолияти раиси Шӯро дар давраи солҳои 2017-2021
2.Интихоби ҳайати нав, раис ва муовини раиси Шӯрои директорон барои панҷ соли оянда.
3.Таҳия ва тасдиқи нақшаи кории Шӯро барои соли 2022
4.Тартиби гузаронидани аттестатсияи омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ
5.Тартиби пардохти музди меҳнати кормандону омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ тибқи низомнома.
6.Мушкилоти ҷойдошта дар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва роҳҳои бартараф намудани онҳо
7.Муаррифии директорони навтаъин ва шомил намудани онҳо ба аъзои раёсати Шӯрои директорон барои соли 2022