ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН АЗ ҶОНИБИ ДИРЕКТОРИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” АШУРИЁН ШАҲЛО САЙФУЛЛОЗОДА
Санаи 11-уми июни соли 2022, тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон”, рӯзи қабули роҳбари Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода баргузор шуд.
Шаҳрвандони муроҷиатнамуда ба саволҳои худ оид ба мушкилотҳои ҷойдошта посухҳои мушаххас гирифтанд. Зимнан, пас аз шунидани муроҷиати шаҳрвандон, директори муассиса ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.