САНҶИШИ ҶАРАЁНИ АТТЕСТАТСИЯИ ХАТМ АЗ ҶОНИБИ ДИРЕКТОРИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”
Санаи 15 июни соли 2022 тибқи Нақшаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва ҷадвали тасдиқгардидаи шуъбаи таълими МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” Аттестатсияи хатм дар Коллеҷ оғоз гардид.
Директори Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода аз ҷараёни қабули аттестатсияи хатм дар кафедраҳои гуногуни муассиса дидан намуда, ба масъулин ҷиҳати боз ҳам беҳтар ва шаффофтар гардонидани раванди имтиҳонҳо тавсия ва дастурҳои мушаххас доданд.
Зимни санҷиш ба сатҳи баргузории имтиҳонҳо ва дараҷаи ҷиҳозонидани синфхонаҳо бо аёниятҳои таълимӣ баҳои баланд дода шуд. Қайд карда шуд, ки ҳангоми гузаронидани имтиҳон ҳамчун усули асосии назорати сатҳи донишандӯзӣ ва сифати таълим ва дар шароити муосир тамоюли зиёд шудани шаклҳои он, гузаштан аз шаклҳои анъанавӣ ба шаклҳои муосир имкон медиҳанд, ки ба дониши хатмкунанда баҳои объективӣ дода шавад. Инчунин, дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани аттестатсияи хатм имкон медиҳад, то ин ки хатмкунандагон ба фаъолияти минбаъдаи пурсамар ҳавасманд гарданд.
Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, таҳти роҳбарии Ашуриён Ш.С. дар омодасозии кадрҳои баландихтахассуси соҳаи миёнаи тиб талош дошта, минбаъд низ тамоми қувва ва имкониятҳои худро баҳри амалисозии ин ҳадаф истифода хоҳанд бурд.