Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ТАҚСИМОТИ ХАТМКУНАНДАГОНИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”

Санаи 16 июни соли 2022 дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” тақсимоти таъмини хатмкунандагони гурӯҳҳои буҷавӣ ба ҷои кор дар ноҳияҳои зисти доимиашон баргузор шуд.
Дар оғоз директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода, мутахассиси пешбари Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонов Хайриддин Файзалиевич, як қатор сардухтурони беморхонаҳо ва сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳо бо хатмкунандагон вохӯрӣ доштанд. Зимни вохӯрӣ хатмкунандагон аз роҳбарони масъул ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифта, сипас роҳбарият ба хатмкунандагон оид ба тартиби ҳозиршавӣ ба ҷои кор маълумоти муфассал доданд.
Аз ҷумла роҳбари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода суханронӣ намуда, ба ҳозирин таъқид сохтанд, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” хатмкунандагоне, ки аз ҳисоби буҷаи давлат дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ ба таҳсил фаро гирифта мешаванд, ӯҳдадоранд пас аз хатми муассисаи таълимӣ дар муассисаҳои давлатӣ тибқи роҳхати Вазорат ба кор ҷалб карда шаванд.
Инчунин мутахассиси пешбари Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонов Хайриддин Файзалиевич изҳор доштанд, ки тибқи қоида ба хатмкунандагон роҳхат дода шуда, онҳо ӯҳдадоранд то санаҳои муайянгардида ба ҷои кор ҳозир шаванд. Дар сурати ҳозир нашудан ба ҷои кор муассисаи таълимӣ муваззаф аст, ки тариқи суд аз хатмкунанда маблағи пурраи таҳсилро ба буҷаи давлат бозгардонад. Корфармоён дар навбати худ вазифадоранд, ки хатмкардагонро ба ҷои кор таъмин намоянд. Дар сурати надоштани ҷойҳои кории холӣ ба хатмкунандагон раднома бо имзои роҳбари муассиса, бо қайди сабабҳо дода мешавад.
Дар ҷамъбаст ба сардухтурон ва сардорони раёсати тандурустии шаҳру ноҳияҳо нусхаи рӯйхати хатмкунандагон, ки ба зиммаи онҳо гузошта шудааст, супорида шуд. Сипас тақсимоти хатмкунандагон ҷараён гирифт.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.