Хабарҳо ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” АШУРИЁН ШАҲЛО САЙФУЛЛОЗОДА БАХШИДА БА ФАРОРАСИИ ИДИ ҚУРБОН Бо admin Охирин навсозӣ Jul 14, 2022 0 Омӯзгорону донишҷӯёни гиромиқадр, ҳамватанони азиз! Табрикоти самимии маро ба муносибати яке аз идҳои асосии мусулмонон, Иди Қурбон бипазиред. Ин ид арзишҳои баланди маънавию ахлоқии дини мубини исломро, ки дар анъанаҳои миллии мардуми сарзамини мо таҷассум ёфтааст, дар бар мегирад. Таҷлили Иди Қурбон ба хотири он аст, ки мусулмонон нисбат ба ҳамдигар, хоса ба ятимону бепарасторон ва пиронсолон раҳму шафқати хоса ва ғамхорӣ кунанд. Барои гиромидошти ин рӯзи муқаддас ва барои арҷгузорӣ ба суннатҳои ниёгони мардуми сарзамини Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конститутсия ин рӯзро ҳамчун рӯзи ид ва истироҳатӣ дарҷ намуда, дар ин рӯз аз ҷониби мақомотҳои гуногуни давлатӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ҳамасола амалҳои хайрхоҳона нисбат ба ниёзмандон сурат мегиранд. Мардуми оддии сарзамини мо бошанд, дар арафаи иди Қурбон дар ибодату корҳои нек саъйу ғайрат намуда, нисбат ба ҳамдигар таваҷҷӯҳ ва ғамхорӣ зоҳир менамоянд. Агар дар қиёс ба солҳои қаблӣ назар андозем, аз корҳои хайру иҷрои амалҳои нек дар рӯзҳои ид мардум бештар ба хурофотпарастӣ ва сарфу хароҷоти бемазмун машғул мешуданд. Имрӯзҳо, баҳри баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, таҳти роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳо пеша карда шуд, ки он боиси беҳ гаштани вазъияти иқтисодии мардуми оддӣ гаштааст. Иҷрои амалҳои нек воқеан мардумонро ба ҳам мепайвандад. Иди Қурбон таҷассумгари идеалҳои некиву адолат буда, имони одамонро мустаҳкам ва ба дили онҳо шодию умед мебахшад. Дини ислом хислатҳои маънавию ахлоқӣ, анъанаҳои таърихӣ ва расму оинҳои милли халқҳои гуногунро тавассути Иди Қурбон муттаҳид намуда, мардумро ба раҳмдилӣ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми ҳамдигар даъват менамояд. Ҳамватанони азиз, бори дигар шуморо бо фарорасии Иди Қурбон самимона табрик мегӯям! Бигзор сулҳ, некӣ ва шукуфоӣ дар хонаводаи ҳар яки шумо ҳукмфармо бошад! Директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода 0 Мубодила кардан