Хабарҳо СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА ИХТИСОСИ НАВИ ТЕРАПИЯИ ФИЗИКӢ- ФИЗИЧЕСКАЯ ТЕРАПИЯ Бо admin Охирин навсозӣ Jul 26, 2022 0 Бо мақсади татбиқи чорабиниҳо оид ба солимгардонии аҳолӣ, пешгирии маъюбшавии шаҳрвандон ва баланд бардоштани иқтидори муассисаҳои тиббиию тавонбахшӣ, дар доираи амалгардонии “Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020”, ки бо қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, таҳти №455 тасдиқ гардидааст, дар асоси банди 5 Оинномаи Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, ки бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми июни соли 2018, №532 тасдиқ шудааст, рузҳои 18 – 29 июли соли 2022 семинар барои омӯзгорону мутахассисони ба фанҳои табобати тавонбахши машғулбуда, барномаи омӯзиши иловагӣ ва машваратҳои корӣ барои аъзоёни Гуруҳи корӣ оид ба таҳияибарномаҳои таълимӣ дар ҳайати роҳбарияти МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, намояндагони вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои табобатиюпрофилактикӣ ва тавонбахшии сатҳиҷумҳуриявӣ, муассисаҳои илмии соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ташкилотҳои байналмиллалӣ, давлатӣ ва ғайридавлатии робитадошта ташкил ва гузаронида шудаистодааст. Пеш 1 то 4 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан