Хабарҳо НАЗОРАТИ РАВАНДИ СОХТМОНИ БИНОИ ДАРМОНГОҲИ НАЗДИКОЛЛЕҶӢ АЗ ҶОНИБИ ДИРЕКТОРИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” АШУРИЁН ШАҲЛО САЙФУЛЛОЗОДА Бо admin Охирин навсозӣ Jul 27, 2022 0 Санаи 27 июли соли 2022 директори Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода аз раванди сохтмони бинои таълимӣ-табобатии “Дармонгоҳи наздиколлеҷӣ” воқеъ дар кӯчаи Раҳмон Набиев – 248 дидан намуданд. Зимни санҷиш роҳбари муассиса ба сифати гузоштани таҳкурсии бино диққати хос дода, бо мутассадиён ва мутахассисон оид ба камбудиҳо ва пешниҳодҳо суҳбат гузарониданд. Масъулин изҳор доштанд, ки таҳкурсии бино тибқи стандартҳои мавҷуда бо сифати баланд рехта шуда он пурра ба талабот ҷавобгӯ мебошад. Инчунин қайд карда шуд, ки сохтмон марҳила ба марҳила идома дошта, бо нақшаи пешбинишуда мувофиқ мебошад. Қайд кардан лозим аст, ки роҳбари муассиса бо ҳадафи пешгирии ҳодисаҳои нохуш дар майдони сохтмонӣ ва пешбарии корҳои сохтмони тибқи нақша мунтазам аз раванди сохтмони ин бинои барои Коллеҷ тақдирсоз дидан намуда, бо мутахассисон машварат намуда, бо онҳо дар тамос мебошанд. Пеш 1 то 8 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан