Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ДАРСИ КУШОДУ НАМУНАВӢ АЗ ФАННИ НАЗАРИЯИ ИҚТИСОДӢ ДАР МДТ «КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРЯИВӢ»

Санаи 11.10.2022 дар кафедраи “Фанҳои гуманитарӣ” дарси кушод аз ҷониби омӯзгори кафедра Ғуломов Сафар дар гуруҳи 210 “Кори момодоягӣ” Дар мавзӯи “Бонк ва фаъолияти бонкӣ” гузаронида шуд, ки дар он сардори шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот Сафаров А. Мутахассиси шуъбаи мазкур Мазабова Н., иштирок намуданд. Дар раванди дарс омӯзгор аз усулҳои муосири таълим ба мисли кор бо гуруҳҳои хурд, карточкаҳо, пур кардани кроссворд, муаммоҳо, саволу ҷавобҳо байни гуруҳ диққати донишҷӯёнро ҷалб намуданд. Мақсад аз баргузории дарси кушод – баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён, бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ ва дур кардани донишандӯзон аз одатҳои бади инсонӣ, ки ба саломатии фард ва ҷамъият зарар меоварад, бархурдор намудан мебошад.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.