Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ФУТБОЛИ ХУРД БАЙНИ ФАКУЛТЕТҲОИ МДТ «КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ»

Ба хотири равнақ намудани сиёсати давлатии ҷавонон ва варзиш ва ба ҳамин васила баланд бардоштани завқи ҷавонон ба рӯхияи ватандустиву солимии бадан аз санаи 10.10.2022 то 14.10.2022с. мусобиқаи футболи хурд байни донишҷӯёни бахшҳои аввали Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ бахшида ба “31- солагии Истиқлоляти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Рӯзи забони давлатӣ” ва “Рӯзи омӯзгорон” гузаронида шуд.

Дар ин мусобиқа 8 даста иштирок карданд.

  1. “Кори табобати дандон” (дастаи-1).

  2. “Кори табобати дандон” (дастаи-2).

  3. “Истифодабарии техника ва таҷҳизоти тиббӣ”.

  4. “Кори ҳамширагӣ” (9).

  5. “Кори фармасевтӣ” (дастаи-1).

  6. “Кори фарматсевтӣ” (дастаи-2).

  7. “Кори дандонсозӣ” (шабона).

  8. “Кори фарматсевтӣ” (шабона).

Дар ин мусобиқа дастаҳо байни ҳам рақобати хуб нишон дода 4 даста ба даври ниманиҳои баромада байни ҳам рақобати карданд. Дастаи 1-уми “Кори фарматсевтӣ” (рӯзона) бо дастаи “Истифодабарии техника ва таҷҳизоти тиббӣ” рақобат карданд. Ҳисоби бозӣ 9:7 ба фоидаи дастаи 1-уми “Кори фарматсевтӣ” ( рӯзона) гардид.

Дар бозии дигар дастаи 2-юми “Кори фарматсевтӣ” (рӯзона) бо дастаи “Кори дандонсозӣ” ( шабона) рақобат карда, ҳисоби бозӣ 2:8 ба фоидаи дастаи “Кори дандонсозӣ” (шабона) анҷом гардид.

Барои ҷои сеюм дастаи 2-юми “Кори фарматсевтӣ” (рӯзона) ва дастаи “Истифодабарии техника ва таҷҳизоти тиббӣ” рақобат карда бо ҳисоби 0:5 дастаи “Истифодабарии техникаи таҷҳизоти тиббӣ” ғалаба карда сазовори ҷои сеюм гардид.

Дар даври финалӣ дастаи “Кори дандонсозӣ” (шабона) бо дастаи 1-уми “Кори фарматсевтӣ” (рӯзона) байни ҳам рақобат карда бо ҳисоби 7:5 дастаи “Кори дандонсозӣ” (шабона) ғалаба карда насиби ҷои якум гардид.

Ҳамин тавр аз рӯи натиҷаи нишон додаи бозингарони дастаҳо ғолибон чунин радабандӣ карда шуданд.

Ҷои якум дастаи “Кори дандонсозӣ” (шабона)

Ҷои дуюм “Кори фарматсевтӣ” (рӯзона)

Ҷои сеюм “Истифодабарии техника ва таҷҳизоти тиббӣ”.

Ғолибони мусобиқа аз тарафи маъмурияти муассиса бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.