Санаи 15-уми октябри соли ҷорӣ тибқи дастуру супоришҳои роҳбари Муассиса н.и.т., Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ва барқияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳар ҳафта, рӯзҳои шанбе ташкили корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ, гулшинонӣ ва тоза кардани ҳудуду атрофи биноҳои муассиса то охири соли 2022, дар биноҳои таълимии МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” шанбегии дастаҷамъона баргузор шуд. Дар шанбегӣ ҳайати коллективи коллеҷ якдилона бо ҳамроҳии ихтиёриёни фаъол аз ҷумлаи донишҷӯён иштирок намуданд.
Дар рафти шанбегӣ ҳудуд ва гирду атрофи биноҳои таълимии Муассисаро рубучин карда, дохили майдончаҳои варзишӣ ва майдончаҳои гулкорӣ шударо аз хазонҳо ва ҷӯйбору обравҳои атрофи муассисаро аз партовҳо покиза намуданд. Инчунин бехи дарахон нарм ва баргу гули онҳо аз чангу ғубор тавассути системаҳои обпошии махсус покиза карда шуданд.
Қайд кардан зарур аст, ки роҳбарияти Муассиса ва ҳайати коллективи меҳнатӣ аз оғози соли таҳсил то инҷониб ва минбаъд низ ҳар шанбе бо як эҳсоси баланди масъулият ва зебоипарастӣ дар дохили бино ва гирду атрофи он корҳои ободонию кабудизоркуниро ба роҳ мондаанд.