Хабарҳо ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ Бо admin Охирин навсозӣ Oct 15, 2022 0 Тибқи муқаррароти озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” аз 28.09.2022 то 30.09.2022 даври сеюми озмуни мазкур дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 102 ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе миёни донишҷӯёни муассисаҳои миёна ва олии касбии ҳудуди шаҳри Душанбе, ки дар даври дуюми (ноҳиявӣ) озмуни мазкур ғолиб ва ба даври сеюм (шаҳрӣ) роҳхат гирифта буданд, баргузор гардид. Дар даври мазкур донишҷӯёни МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” аз рӯйи номинатсияҳо (бахшҳо) – и “Химия” – 1нафар, “Биология” – 2 нафар ва “География” – 1 нафар иштирок намуданд. Донишҷӯён дар ин давр аз рӯйи Низомнома дар ҳамаи бахшҳо фаъолона иштирок намуданд. Баъди хулосаи ҳайати Комиссия ва натиҷагирии озмуни мазкур донишҷӯйи бахши дуюми факултети “Кори ҳамширагӣ (с9)” – и МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” ПИРЗОДА МУҲАММАДБАШИР САБЗААЛӢ аз рӯйи номинатсияи (бахши) “Химия” сазовори ҷойи сеюм дар байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҳудуди шаҳри Душанбе гардид. Инчунин омӯзгори кафедраи “Фанҳои тиббӣ – биологӣ” Шарифов Содиқҷон Пирмаҳмадович низ аз рӯйи Номинатсияи “Биология” иштирок ва сазовори ҷойи дуюм гардид. Дар асоси Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” ғолибони даври сеюм ба даври чорум (ҷумҳуриявӣ) роҳхат гирифтанд. Санаи 15.10.2022 дар толори МДТ “Литсейи ба номи Умари Хаём” – ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар асоси Қарори дахлдори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ, Раиси шаҳри Душанбе мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ маросими ҷоизасупории ғолибони даври шаҳрии озмуни мазкур баргузор гардид, ки дар ин маросим бо иштироки муовини раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим ба донишҷӯён ва устодони МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” ,ки дар даври мазкур ғолиб омаданд бо диплом ва сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд. 0 Мубодила кардан