Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ҶАЛАСАИ ҒАЙРИНАВБАТИИ НАЗДИ МУОВИНИ ДИРЕКТОР ОИД БА КОРҲОИ ТАЪЛИМИИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”

Ҳамасола, тибқи нақшаҳои таълимии ҷорӣ, то оғоз шудани ҳар сессия, муҳассилини муассисаҳои таълимӣ ду маротиба санҷиши фосилавӣ супурда, бо ҷамъи холҳои бадастоварда ба имтиҳонҳо роҳ меёбанд. Баҳри ҷонноксозии корҳои таълимӣ, ҷалби донишҷӯён ба хондан ва барои пешгирии сарзании ҳолатҳои гуногуни манфии коҳишдиҳандаи нуфузи таълим ва тарбия, инчунин хусусияти корупсионӣ дошта, дар муассисаи таълимӣ нақша-чорабиниҳо тартиб дода шуда, сохторҳои дахлдори муассисаи таълимӣ тибқи онҳо дар мӯҳлатҳои муқарраргашта амал менамоянд.

Ҳамин тариқ баҳри татбиқи амалии нақша-чорабиниҳои мазкур санаи 17 октябри соли ҷорӣ, тибқи дастуру супоришҳои роҳбари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т., Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ҷаласаи ғайринавбатии назди муовини директор оид ба корҳои таълимӣ баргузор шуд. Дар кори ҷаласа сардорони шуъбаҳои муассиса, деканҳо, муовинони декан ва мудирони кафедраҳо иштирок доштанд.

Тибқи рӯзнома дар ҷаласа масоили гуногуни бо таълим вобаста, аз ҷумла сатҳу сифати таълим, раванди таълим, оғози санҷиши фосилавии якум, пешбарии корҳои ташфиқотию тарғиботӣ миёни муҳассилин оид ба пешгирии сарзании ҳолатҳои хусусияти коррупсионӣ дошта ва ҷалби донишҷӯён ба хониш баррасӣ гардид.

Муовини директор оид ба корҳои таълимӣ н.и.т. Одилзода И.Ё. аз ҳозирин даъват ба амал оварда, таъқид сохтанд, ки роҳбарони факултетҳо ва мудирони кафедраҳоро зарур аст, то баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ҷалб ва ҳавасмандгардонии донишандӯзон ба раванди таълимӣ тамоми чораҳои зарурӣ андешида шаванд. Инчунин дар ин лаҳзаҳои барои донишҷӯён ҳассос ва душвор, ки табиатан ҳар фард ба ҷустуҷӯи роҳҳои “осон”-и рафъи мушкилотҳояш мепардозад, омӯзгоронро мебояд ташфиқу тарғиботро оид ба “оқибатҳои манфии омилҳои коррупсионӣ” миёни донишҷӯён пурзӯр намоянд. Ҳамзамон ба деканҳо ва муовинони деканҳо дастур дода шуд, ки миёни донишҷӯён корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр намуда, оид ба мавҷудияти татбиқи чораҳои интизомӣ то хориҷ кардан аз сафи донишҷӯён, дар сурати даст задан ба амалҳои номатлуби хусусияти корупсионӣ дошта, маълумоти муфассал дода шавад. Қайд гардид, ки дар давраи супориши санҷишҳои фосилавӣ ба муҳассилини сустхон диққати хос дода шавад.

Инчунин иштирокчиён оид ба масоили баррасишаванда фикру ақидаи худро баён намуда, баҳри амалисозии босамари нақшаҳо пешниҳодҳо доштанд. Дар ҷамъбаст иштирокчиён якдилии худро бо роҳбарият дар ҳалли масоили марбута изҳор доштанд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.