Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

МУОИНАИ ТИББӢ-ПЕШГИРӢ АЗ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ

Муоинаи тиббӣ яке аз тарзҳои асосии муоинаи тандурустии аҳолӣ ба ҳисоб меравад.

Дар коллеҷҳо аз сабаби зиёд будани донишҷӯён ҳамеша вирусҳо ва касалиҳои гуногун ҷой доранд.  Барои назорати саломатии донишҷӯён ва пешгирӣ аз касалиҳо дар муассисаҳои таълимӣ муоинаи тиббй гузаронида мешавад.

Ҳамасола дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” низ муоинаи тиббии донишҷӯён ва кормандон гузаронида мешавад.

Бо ҳамин мақсад, тибқи дастуру супоришҳои директори Муассиса н.и.т Ашуриён Ш. С. санаи 18.10.2022с. тибқи ҷадвали тасдиқгардида донишҷӯёни факултетҳои “Истифодабарии техника ва таҷҳизоти тиббӣ”, “Ташхис ва табобати нурӣ”, “Кори тиббӣ-ташхисӣ”, “Кори тиббӣ-профилактикӣ”, “Кори тиббӣ-офиятӣ”, “Кори ҳамширагӣ дар косметология” ва “Кори ҳифзи иҷтимоӣ” аз санҷиши муоинаи тиббӣ гузаштанд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.