Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ИШТИРОКИ БАСКЕТБОЛБОЗОНИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” ДАР ДАВРАИ НИҲОИИ 3 – ЮМИН ФЕСТИВАЛИ ДӮСТИИ ҶАВОНОНУ ВАРЗИШГАРОНИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Санаи 7 ноябри соли 2022 давраи ниҳоии 3 – юмин Фестивали дӯстии ҷавонону варзишгарони шаҳри Душанбе таҳти унвони “Зебоӣ, доноӣ ва тавононӣ аз варзиш аст” баргузор шуд, ки баскетболбозони Муассиса аз ҷумлаи донишҷӯёни фаъол ва варзишгар дар он ширкат варзиданд.

Дастаи баскетболбозони Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” бо дастаи баскетболбозони Донишкадаи тиббӣ – иҷтимоии шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии “Мактаби махсуси варзишии №33” сабқат намуда, бо ҳисоби 25:13 ғолибият ба даст оварда, соҳиби ҷои 3-юм гаштанд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.