Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ЗАБОНИ ЛОТИНӢ – МАСИРИ ФАТҲКУНАНДАИ ҚУЛЛАҲОИ ТИББ

Забони лотинӣ забони байналмилалии тибб, забони касбии табибон ва дорусозон мебошад. Ин забони мушаххасест, ки дар тӯли асрҳои зиёд бо ёрии калимаҳои юнонӣ ва лотинии қадим ва унсурҳои калимасоз ташаккул ёфта, пеш аз ҳама барои пешбарӣ кардани истилоҳот дар номенклатураи муосири байналмилалӣ – анатомӣ, гистологӣ, эмбриологӣ, биологӣ , микробиологй, фармасевтй хизмат мекунад. Яъне аз ин хулоса карда метавон, ки ҷаҳони тиббро бе донистани забони лотинӣ тасаввур кардан имконнопазир аст.

Аз ин рӯ бо мақсади ҷалб ва ҳавасманд гардонидани донишҷӯён бо дастури бевоситаи роҳбари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозодава нақша-чорабиниҳои ҳафтаи фаннии кафедра, ки аз тарафи шўъбаи таълим тасдиќ гардидаст озмун дар мавзӯи “Забони лотинӣ ва асосҳои истилоҳоти тибб” доир карда шуд.

Дар озмун донишҷӯёни фаъоли бахшҳои якуми факултетҳои муассиса иштирок намуданд. Озмун бо ибтикори омӯзгорони бо таҷрибаи кафедра Эшназаров Ҷ.Д. ва Хоҷаев Қ.Г. гузаронида шуд. Рафти озмунро мудирони кафедрањои “Забони русӣ” Пулодов М., мудири кафедраи “Забони тоҷикӣ” Наҷмуддинова С.Н., мудири кафедраи “Фармакогнозия ва кимёи фармасевтӣ” Сулаймонова О.Ғ, мудири кафедраи “Технологияи дорусози ТИФ” Сангинов Ғ.Н. ва дигар омӯзгорони кафедра ҳамроҳӣ намуданд.

Иштирокчиёни озмуни мазкур тамоми шартҳои гузошташударо дар сатҳи зарурӣ иҷро намуда дар натиҷаи холгузории одилонаи аъзои ҳакамон дустӣ ғалаба карда ба донишҷӯён дараҷаи ғолибияти баробарро сазовор донистанд.

Дар охир аъзои ҳакамон ба ҳамаи иштирокчиён барору муваффақиятҳои беохир таманно намуда онҳоро барои боз ҳам зиёд кушиш намуданашон маслиҳатҳои муфид доданд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.