Хабарҳо ҲАФТАИ ФАННӢ ДАР КАФЕДРАИ “ТИББИ ОИЛАВӢ” – И МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” Бо admin Охирин навсозӣ Nov 9, 2022 0 Имруз 09.11.2022. Дар доираи ҳафтаи фаннии кафедраи “Тибби оилавӣ” аз тарафи омӯзгор Асророва Ҷаҳоноро Исломовна дарси кушоди намунавӣ гузаронида шуд. Мувофиқи силаббус мавзӯи дарси кушод “Антибиотикҳо. Гурӯҳи пенитсилинҳо” буд. Дар дарси кушод аз маъмурияти коллеҷ сардори шӯъбаи назорати сифати таълим Сафаров А.И. мутахасиси ҳамин шӯъба Мазабова Н.Н. Декани факултети “Кори табобатӣ” Қаюмов Ф.Ҷ. Мудири кафедраи “Гуманитарӣ” Назарова М.С, мудири кафедраи “Тибби биологӣ” Раҳмонова М. Ш. ва омӯзгорони кафедраҳои гуногун иштирок намуданд. Асророва бо маҳорати баланди омӯзгори машғулиятро гузаронд. Аз лаҳзаи оғози дарс дар ӯ маҳорати хуби дарсгузари,одобу рафтор, муошират бо донишҷӯён ва дониши кофӣ ҳис карда мешуд. Дар рафти дарс омӯзгор аз усулҳои муосири байналфаъоли таълим васеъ истифода бурд, аз ҷумла: пурсиши фардӣ, тест, кор дар гурӯҳҳои хурд, кор бо карточкаҳо, ҳалли крассворд, лаҳзаи варзиш ва ғайраҳо. Инчунин ҳангоми машғулят ба иҷрои кори амалӣ диққати махсус дода шуд, донишҷӯён мустақилона малакаи ТАЗРИҚИ ЗЕРИПӮСТИРО мувофиқи стандарт иҷро намуданд. Баъди анҷоми дарси кушод ҳайъати таҳлилкунангон ба омӯзгор баҳои баланд дода дар фаъолияти ояндааш барор хостанд. Пеш 1 то 12 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан