Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮЁНИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” ДАР ДАВРАИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ

Санаи 9 ноябри соли ҷорӣ дар маҷмааи “Кохи Суруш” маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони давраи шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор шуд. Ёдовар месозем, ки ба давраи шаҳрии озмуни мазкур аз МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” донишҷӯёни факултетҳои Кори момодоягӣ, Ғаюрова Умеда ва Кори ҳамширагӣ – Нуракова Амина роҳ ёфта, ғолибият ба даст оварданд. Ғаюрова Умеда аз рӯи номинатсияи адабиёти классикӣ иштирок намуда, сазовори ҷойи дуюм ва Нуракова Амина аз рӯи номинатсияи Адабиёти муосир сазовори ҷойи сеюм гаштанд.

Чорабинии ҷоизасупорӣ бо иштироки аҳли адаб, муҳаққиқон, ғолибон ва иштирокчиёни озмуни мазкур, намояндагони телевизионҳои марказӣ, хабарнигорони рӯзномаҳои пойтахт, намояндагони муасиссаҳои соҳаи фарҳангу маориф ва хонандагони фаъоли муассисҳои таълимӣ баргузор гардид.

Боиси ифтихор аст, ки дастпарварони Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” дар ин марҳилаи озмун ҷойҳои намоёнро сазовор гашта ба давраи ниҳоӣ, яъне ҷумҳуриявии озмун роҳ ёфта, номбардори муассисаи таълимии худ дар ин маросим ва соҳиби эҳтирому эътироф аз ҷониби ҷомеа гаштаанд.

Лозим ба таъкид аст, ки барои ҳавасмандгардонии донишҷӯён, омӯзгорон ва қадршиносии ғолибони давраҳои гуногуни озмун бо Қарори роҳбари Муассиса, н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода туҳфаҳои гуногун ихтисос дода шудааст, ки ин дар навбати худ боиси баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ ва таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ мегарданд.

Роҳбарияти МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, алалхусус директори Муассиса номзади илмҳои тиб Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ба ғолибони давраи шаҳрии озмун табрикоти самимии худро расонида, барояшон таманниёти нек барои ғолиб омадан дар давраи ҷумҳуриявии озмуни мазкурро ирсол менамоянд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.