Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ИШТИРОКИ ДИРЕКТОР ВА ҲАЙАТИ КОРМАНДОНИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” ДАР КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛЛАЛӢ ДАР ШАҲРИ АЛМААТОИ ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН

Санаи 7 ноябри соли ҷорӣ дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявии шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон, конференсияи байналмиллалӣ дар мавзӯи “Омодасозии мутахассисони кори момодоягӣ ва нақши момодоя дар ҳифзи саломатии модар ва кӯдак” баргузор шуд.

Дар кори конференсия мутахассисони варзидаи соҳавӣ, роҳбарони муассисаҳои таълимии миёнаи касбии тиббии давлатҳои минтақа ва ҷаҳон иштирок доштанд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ роҳбарони сохторҳои дахлдори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор роҳбарони муассисаҳои таълимии тиббӣ намояндагӣ мекарданд.

Муаррифгари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” ва дар ҷамъ муаррифгари вазъи ҳолат дар бахши омодасозии мутахассисони кори момодоягӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Муассиса, номзади илмҳои тиб Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода буданд, ки бо маърузаи худ дар мавзӯи “Мустаҳкамсозии иқтидори кадрии момодояҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуданд.

Зимни баромад дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар бахши номбурда, дурнамои рушд ва мушкилотҳои ҷойдошта қайд карда шуданд. Инчунин роҳбари Муассиса н.и.т., Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода изҳор доштанд, ки тули солҳои охир дар системаи таълимии миёнаи касбии тиббӣ, барои ноил гаштан ба мақсадҳои рушди устувор ва инчунин барои баланд бардоштани нақши момодояҳо дар самти нигоҳдории солимии репродуктивӣ дигаргуниҳои назаррас ворид карда шудаанд. Қайд гардид, ки барои дар сатҳи зарурӣ ва бо сифати баланд расонидани хизмати тиббӣ ба мардум, мутахассисони миёнаи тиб, алалхусус момодояҳо бояд дорои дониши кофӣ, салоҳиятнок ва баландтахассус бошанд.

Инчунин аз Коллеҷ барои табодули таҷриба ва иштирок дар кори конференсия як зумра кормандон ва омӯзгорони собиқадор сафарбар гардиданд. Роҳбарияти Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” барои баланд бардоштани сатҳи тахассуснокии хатмкунандагон ва таъмини бозори меҳнатии дохилӣ ва хориҷӣ бо мутахассисони салоҳиятнок тамоми чораҳои заруриро меандешанд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.