Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ПЕШБУРДИ КОРҲОИ ТАШФИҚОТИ МИЁНИ ДОНИШҶӮЁНИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” ОИД БА ТЕЛЕФОНИ МОБИЛӢ ВА ЗАРАРИ ОН

Дар замони муосир телефонҳои мобилӣ як ҷузъи ҷудонопазири зиндагии мо гардидаанд. Бо кӯмаки онҳо ҳамеша бо нафароне, ки ба мо наздиканд, дар алоқа шуда, новобаста аз он, ки ӯ дар кадом гӯшаи дунё қарор дорад, тамос гирифта метавонем. Бояд гуфт, ки таъсиси телефони мобилӣ инқилобе дар соҳаи илму техника мебошад. Бо пайдо шудани аввалин телефонҳои мобилӣ олимон татқиқоти худро шурӯъ намуда, фаҳмидан хостанд, ки он ба организми инсон чӣ қадар зарар мерасонад. То ҳол байни олимони ҷаҳон татқиқот дар ин мавзӯъ идома доранд.

Маълум гардид, ки аз ҳад зиёд истифода бурдани телефони мобилӣ ба организми инсон зарари худро мерасонанд. Олимони соҳаи тиб исбот кардаанд, ки истифодаи зиёди телефонҳои мобили боиси сар задани бемории саратон (раг) дар мағзи сар мегардад. Кенчи Хояши профессори Ҷопони дар барои телефон таҷриба гузаронда исбот кардааст, ки истифодаи телефонҳои мобили дар ҷисми инсоният хатари сахте дорат. Вақте, ки хоб мекунед бояд телефонро аз худ 10- метр дурр монед, то ба Шумо зарар нарасонад. Ҳатто телефон ба садопардаҳои гуши шумо зарари сахте дорад, ки гуши шуморо ва сари шуморо ба дард меорад. Ҳамчунин афканишоти гармии телефон майнаи сарро тасфонида, дар натиҷа шахс сардард ва дилаш беҳузур мешавад. Аммо гурӯҳи дигари олимон исрор меварзанд, ки зарари он ҳангоми истифодаи дуруст бо риояи усули истифодабарӣ коҳиш меёбад. Андешаҳои зиёде вуҷуд доранд, ки баъди таъсири афканишоти телефони мобилӣ дар мағзи сари инсон ҳодисаҳое рух медиҳанд.

Онро олимон дар натиҷаи таҷрибаҳои бешумори бо ҳайвонот ва одамон гузаронидаашон пешниҳод намудаанд. Масалан, Уилям Стюарт – олими шотландӣ дар кирмҳои боронӣ таҷриба гузаронд. Нурафканиҳои телефони мобилӣ сохтори сафедаи кирмҳоро иваз намуд. “Бофтаҳои зинда чун пораи гӯшт дар печи хурдмавҷ бирён мешаванд” — тасдиқ мекунад Стюарт. Дар давлати Бритониё дар назди мактабҳо ва боғчаҳо сохтани стансияҳои телефонҳоро манъ кардаанд. Пас худ ба хуласа биёед аз зарари телефонро дарк кунет. Ҳадаф, бохабар намудани аҳли ҷомеа аз зарари телефонҳои мобили мебошад, зеро ояндаи ҳар як қавму миллат аз саломатии инсон вобастагии калон дорад.

Дар робита бо гуфтаҳои дар боло зикргардида ва бо дастуру супоришҳои бевоситаи роҳбари Муассиса, номзади илмҳои тиб Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода кафедраи “Технологияи информатсионӣ, ташхис ва табобати нурӣ” санаи 11 ноябри соли ҷори миёни донишҷӯёни Коллеҷ корҳои ташфиқоти пеш бурданд. Омӯзгорони кафедра баҳри ба саҳми донишҷӯён расонидани иттиллоти муфид ба гурӯҳҳо тақсим шуда, ба синфхонаҳои гуногуни кафедраҳои “Фанҳои морфологӣ”, “Фанҳои гуманитарӣ”, “Фанҳои тиббӣ-биологӣ” ва “Тибби ҳолатҳои фавқулодда, мудофиаи шаҳрвандӣ ва омодагии ибтидоии ҳарбӣ” сафарбар шуданд. Зимни пешбурди корҳои фаҳмондадиҳи ба донишҷӯён моҳияти тарзи дурусти истифодаи телефони мобилӣ ва роҳҳои пешгирии зарари он расонида шуд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.