Хабарҳо МАШҒУЛИЯТҲОИ АМАЛИИ ИЛОВАГӢ ДАР КАФЕДРАИ “КОРИ ДАНДОНСОЗӢ” – И МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” Бо admin Охирин навсозӣ Nov 11, 2022 0 Дар замони муосир, ки илму технология бошиддат рушд менамоянд, баҳри баланд бардоштани сатҳи донишҳои амалии донишҷӯён – истифодаи усулҳои муосири таълим ва таҷҳизотҳои ҳозиразамон шарти асосӣ ба шумор меравад. Зеро сифати фаъолияти ҳар як мутахассиси хатмкарда аз маҳорат ва донишҳои амалии ӯ вобастагӣ дорад. Барои ноил шудан ба мақсади асосӣ, ки ин ҳам сатҳи баланди маҳорати амалӣ доштани донишҷӯён мебошад, омӯзгорони кафедраи “Кори дандонсозӣ” ғайр аз фаъолияти таълимии рӯзмарра бо ҳидояту роҳнамоиҳои роҳбари Муассиса, номзади илмҳои тиб Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода тасмим гирифтаанд, ки машғулиятҳои иловагии амалиро роҳандозӣ намоянд. Гирифтани донишҳои амалӣ ба донишҷӯён барои ташаккули мақсад ва вазифаҳои фаъолияти худ кӯмак мерасонад, ки дар оянда барои равнақ додани кор ва фаъолияти худ аз онҳо истифода намоянд. Ҳамин тавр санаи 11 ноябри соли 2022 аз ҷониби устоди собиқадори кафедра Ҳайдаров С.Н. машғулияти иловагии амалӣ гузаронида шуд, ки дар он донишҷӯён бо як ҳисси баланди масъулият ва рӯҳи болида иштирок доштанд. Лозим ба ёдоварист, ки айни замон синфхонаҳои кафедра барои дарсҳои амалӣ бо тамоми шароитҳои ба талаботҳои замонавӣ ҷавобгӯ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Машғулияти амалии имрӯза, ки аз фанни “Техникаи сохтани протезҳои ғайримуқимӣ” дар мавзӯи “Сохтани асос бо болиштак” буд, донишҷӯён аз зинаҳои асосии сохтани ин протезҳо ва равиши омодасозии онҳо огоҳ гардида, имкон доштанд, ки худ мустақиман чунин протезҳоро сохта, масъули дастони хешро бинанд. Бо дастгирии бевоситаи роҳбари Муассиса, н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода тамоми шароитҳо барои машғулиятгузаронӣ дар кафедра фароҳам оварда шудааст. Омӯзгорони кафедра кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки барои дар оянда боз ҳам хубтару беҳтар гузаронидани машғулиятҳо аз ҳама роҳу усулҳои таълим истифода намоянд. Пеш 1 то 11 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан