Хабарҳо НАЗОРАТИ РАВАНДИ ТАЪЛИМӢ ДАР МТД “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” АЗ ҶОНИБИ МУОВИНИ ДИРЕКТОР ОИД БА КОРҲОИ ТАЪЛИМӢ Бо admin Охирин навсозӣ Nov 11, 2022 0 Санаи 11 ноябри соли ҷорӣ тибқи дастуру супоришҳои роҳбари Муассиса, н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода назорати кафедраҳои таълимии бинои асосӣ аз ҷониби муовини директор оид ба корҳои таълимӣ, н.и.т. Одилзода И.Ё. гузаронида шуд. Зимни санҷиш ба давомот ва сифати донишазхудкунӣ аз ҷониби донишҷӯён ва истифодаи усулҳои байналфаъол аз ҷониби омӯзгорон диққати хос дода шуд. Зимни назорат муовини директор таъқид сохтанд, ки роҳбарият, алалхусус директори Муассиса н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ба сатҳу сифати таълим диққати хос зоҳир менамоянд, зеро омодасозии мутахассисони салоҳиятнок ва ҷавобгӯ ба талаботҳои бозори меҳнат маҳз бо сифати таълим ҳамбастагии зич дорад. Дар раванди назорат муовини директор инчунин бо донишҷӯён сӯҳбатҳои озоду ошкоро гузаронида, оид ба камбудиҳои ҷойдошта дар раванди дарс аз донишҷӯён маълумот ҷамъоварӣ намуданд ва ба шахсони масъул баҳри бартарафсозии онҳо дастурҳои мушаххас доданд. Роҳбарияти муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” барои омода намудани мутахассисони баландихтисос ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълим кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Маҳз бо талошҳои роҳбари Муассиса н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ҳайати коллективи коллеҷ ба муваффақиятҳои зиёде ноил гаштаанд. Пеш 1 то 3 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан