Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ҲАФТАИ ФАННӢ ДАР КАФЕДРАИ “ТИББИ ОИЛАВӢ” – И МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”

Имрӯз мувофиқи нақшаи тасдиқгардидаи шуъбаи таълим ва кафедраи “Тибби оилавӣ” байни донишҷӯён  ВИКТАРИНА “ҲАМШИРАИ ҲАМАДОН” шуда гузашт. Дар виктарина ду гурӯҳи бахши чоруми факултети “Кори табобатӣ”  бо ҳам қувваозмои намуда донишу маҳорати худро бобати фанҳои тахасуси санҷиданд. Яке дастаи “Дониш” дигар дастаи “Сулҳ”. Ба гурӯҳҳо аз фанҳои “Асосҳои кори ҳамширагӣ дар тибби оилавӣ”, “Ёрирасонии ҳамширагии оилавӣ”, “Фармакология дар тибби оилавӣ” пешниҳод карда шуд. Ҳамчунин дастаҳо бояд малакаи амалии “Ҳал намудани анибиотик”-ро аз рӯи стандарт ва ҷиҳати риояи қоидаҳои гигиени иҷро менамуданд.

Шарти имтиҳоии озмун таёр намудани хуриш бо истифода аз сабзавотҳои ба организм фоидаовар буд.

Дар натиҷа ҳайати ҳакамон ба ҳарду даста 58 холиро сазовор дониста, ба хулосае омаданд, ки дустӣ ғалаба кунад. Аъзоёни дастаҳо бо ифтихорномаи директори муасисса н.и.т. Муҳтарам Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода сазовор дониста шуданд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.