Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ТАЪЛИМ ВА ОМОДАСОЗИИ МУТАХАССИСОН ТАВАССУТИ ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО БО СОЗМОНҲОИ БОНУФУЗИ ҶАҲОНӢ

Бо ташаббус ва дастуру супоришҳои бевоситаи  роҳбари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, номзади илмҳои тиб Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба бо созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва бо ин роҳ беҳтар сохтани сатҳи таълим ва тахассуснокии хатмкунандагони Муассиса, гурӯҳи корӣ дар ҳайати муовинони директор, сардори шуъбаи илмӣ-методӣ ва намояндаи лоиҳаи USAID “Модари солим, кӯдаки солим” тартиб дода шуда, чораҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд.

Аз ҷумла, санаи 16 ноябри соли 2022 вохӯрии аъзоёни ҳайати корӣ, баҳри баррасии масъалаҳои марбут ба солимии модар ва кӯдак баргузор шуд. Дар вохӯрии мазкур муовини директор оид ба корҳои таълимӣ, н.и.т. Одилзода И.Ё., муовини директор оид ба илм ва инноватсия, н.и.т. Муминзода Ҷ.С., муовини директор оид ба таълими амалӣ Давлатзода А.Д., сардори шуъбаи илмӣ-методӣ Раҳимова Х. ва намояндаи лоиҳаи USAID “Модари солим, кӯдаки солим” Пулатова Сурайё иштирок доштанд.

Зимни вохӯрӣ масоили таҷдиди назар ба барномаҳои таълимии ихтисосҳои “Кори момодоягӣ” ва “Кори табобатӣ”, татбиқи барномаҳои таълимии комплексии ҳамшираҳои оилавӣ, мувофиқаи барнома ва модулҳо бо Стандартҳои миллии тасдиқшудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузории ҷаласаҳои машваратӣ бо кормандон ва омӯзгорон баҳри ҷорисозии барномаҳои тасдиқгардида баррасӣ карда шуданд.

Дар охири вохӯрӣ намояндаи лоиҳаи ин созмони бонуфуз аз сатҳи ҳамкориҳо бо МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” изҳори қаноатмандӣ намуда, онро ҳамчун ҳамкории барои ҳарду ҷониб судманд арзёбӣ намуданд. Роҳбарияти коллеҷ низ иброз доштанд, ки ҳамкориҳои ҷойдошта боиси беҳтарсозии сатҳи тахассуснокии хатмкунандагони Муассиса гашта, бешубҳа саҳми бузурге барои рушди ояндаи тиб ва тандурустӣ ба шумор меравад.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.