Хабарҳо МУНОСИБАТҲОИ БАЙНАЛМИЛЛАЛӢ ВА ҲАМКОРИҲОИ ДУҶОНИБА – ЯКЕ АЗ САМТҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” Бо admin Охирин навсозӣ Nov 18, 2022 0 Санаи 18 ноябри соли ҷорӣ тибқи барқияномаи фаврии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба бо ширкатҳои калон ва хурду миёнаи вилояти Самараи Федератсияи Руссия, дар соҳаҳои омехта аз ҷумла тандурустӣ, косметология, кишоварзӣ, таҷҳизотҳои тиббӣ ва ғайра, вохӯрии роҳбари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода бо Конаненко Анатолий Юревич – директори ширкати истеҳсолкунандаи таҷҳизоти тиббӣ “АнтенМед” ва Софронов Алексей Николаевич – роҳбари шуъбаи кор бо ҳокимияти ҳамин ширкат ва ҳамзамон роҳбари Кумитаи тандурустии филиали минтақавии Самара “Деловая Россия” баргузор гашт. Меҳмонони олиқадрро директори Муассиса пазируфта, бо ҳамроҳии онҳо дар оғоз аз синфхонаҳои Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ дидан карда, сипас сари мизи гуфтушунид нишаста, тафсилоти ҳамкориҳои минбаъдаро муҳокима намуданд. Аз ҷумла қайд карда шуд, ки ширкати мазкур омода аст дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин муассисаи таълимиро бо таҷҳизотҳои замонавӣ, ки сабаби рушди илму технология ва баланд бардоштани сатҳи сифати таълим мегарданд, таъмин намояд. Намояндагони ширкат дар навбати худ тамоми навъҳои маҳсулоти худро ба роҳбарияти Коллеҷ тавассути слайдҳо намоиш доданд. Дар рафти гуфтушунид ҷонибҳо пешниҳодҳои ҳамдигарро хуб пазируфта, иброз доштанд, ки ин ҳамкориҳо ба нафъи ҳарду ҷониб буда, боиси рушди самти таълимии тиббӣ ва истеҳсоли таҷҳизотҳои тиббӣ мегардад. Лозим ба ёдоварист, ки ширкати болозикр ҷиҳати баргузории вохӯрӣ бо роҳбарияти Коллеҷ худ изҳори ҳавасмандӣ намудаанд. Роҳбарияти МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” дар навбати худ сиёсати дарҳои кушодаро пеша карда, бо ҳар ташкилоту муассисаҳои бурунмарзӣ, ки ба фаъолияти тиббӣ ва таълимӣ машғуланд, бо камоли майл ҳамкориҳоро ба роҳ мегузоранд. Пеш 1 то 12 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан