Хабарҳо ДАРСИ КУШОДУ НАМУНАВӢ ДАР КАФЕДРАИ “ФАНҲОИ МОРФОЛОГӢ”-И МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” Бо admin Охирин навсозӣ Ноя 22, 2022 0 Дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” аз оғози соли таҳсили 2022-2023 тибқи дастуру супоришҳои роҳбари Муассиса, номзади илмҳои тиб Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода, силсилаи дарсҳои кушоди устодон гузаронида шуда истодаанд. Дар ин замина санаи 21 — уми ноябри соли ҷорӣ дар кафедраи “Фанҳои морфологӣ” аз ҷониби омӯзгори ҷавони кафедра Ҳусайнова Парвина Насимхоновна дар гурӯҳи 104 факултети “Кори табобатӣ ” бо иштироки муовини директор оид ба корҳои таълимӣ, н.и.т. Одилзода И.Ё, муовини директор оид ба илм ва инноватсия Муминзода Ҷ.С, сардори шӯъбаи идоракунии сифати таҳсилот Сафаров А.И. деканҳои факултетҳо, мудирон ва устодони кафедраҳо дарси кушоду намунавӣ баргузор гардид. Мавзӯи дарс “ Системаи нафаскашӣ. Пайдарҳамии системаи нафаскашӣ. Ковокии бинӣ, ҳалқ, ханҷара , хирной ва бронхҳо» унвон дошт, ки омӯзгор амалан донишҷӯёнро бо моҳият ва асоси мавзуъ ошно сохт. Ҳамчунин муаллима дар раванди дарс доири мавзӯи зикршуда машғулиятҳои амалӣ гузаронида, бо истифода аз аёниятҳо ва слайдҳои ҷолиб бо таҳлилҳои ҳамаҷониба ба донишҷӯён фаҳмонд. Инчунин дар рафти машғулият аз муляжҳо, доскаи электронӣ, тестҳо, карточкаҳо ва крассворд истифода бурда шуд. Дар қисми поёнии дарс миёни устод ва шоргирдон мубодилаи афкор сурат гирифт, ки аз посухҳо ҳарду ҷониб қаноатманд гардиданд. Ҳадаф аз баргузории дарсҳои кушод баланд бардоштани сифати таълим, донишу малакаи донишҷӯён, омода кардани кадрҳои баландихтисос, боло бурдани завқу рағбати донишҷӯён ба хондани китоб арзёбӣ гардид. Инчунин зимни баргузории чунин дарсҳо миёни омӯзгорони собиқадор ва камтаҷриба табодули таҷриба ба амал меояд. Пеш 1 то 6 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан