Хабарҳо ДАРСИ НАЗАРИЯВИИ КУШОДУ НАМУНАВӢ АЗ ФАННИ “ГИСТОЛОГИЯ” ДАР КАФЕДРАИ “ФАНҲОИ МОРФОЛОГӢ”-И МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” Бо admin Охирин навсозӣ Nov 22, 2022 0 Дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” аз оғози соли таҳсили 2022-2023 тибқи дастуру супоришҳои роҳбари Муассиса, номзади илмҳои тиб Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода, силсилаи дарсҳои кушоди устодон гузаронида шуда истодаанд. Дар ин замина санаи 22 – уми ноябри соли ҷорӣ дар кафедраи “Фанҳои морфологӣ” аз ҷониби омӯзгори ҷавони кафедра Нураҳмадзода Азимбобо Хайрулло дар гурӯҳҳои 207 ва 208 факултети “Кори табобатӣ ” бо иштироки сардори шӯъбаи идоракунии сифати таҳсилот Сафаров А.И. , сармутахасиси шӯъбаи идоракунии сифати таҳсилот Мазабова Н.Н. ва устодони кафедраҳо дарси назариявии кушоду намунавӣ баргузор гардид. Мавзӯи дарс “ Сохти микроскопии найи ҳозима. Сохти забон, бодомакҳо ва ғадудҳои луобии ковокии даҳон ” унвон дошт, ки омӯзгор амалан донишҷӯёнро бо моҳият ва асоси мавзуъ ошно сохт. Ҳамчунин муаллим дар раванди дарс доири мавзӯи зикршуда бо истифода аз аёниятҳо ва слайдҳои ҷолиб бо таҳлилҳои ҳамаҷониба ба донишҷӯён фаҳмонд. Инчунин дар рафти машғулият аз муляжҳо, доскаи электронӣ ва крассворд истифода бурда шуд. Дар қисми поёнии дарс миёни устод ва шоргирдон мубодилаи афкор сурат гирифт, ки аз посухҳо ҳарду ҷониб қаноатманд гардиданд. Ҳадаф аз баргузории дарсҳои кушод баланд бардоштани сифати таълим, донишу малакаи донишҷӯён, омода кардани кадрҳои баландихтисос, боло бурдани завқу рағбати донишҷӯён ба хондани китоб арзёбӣ гардид. Инчунин зимни баргузории чунин дарсҳо миёни омӯзгорони собиқадор ва камтаҷриба табодули таҷриба ба амал меояд. Пеш 1 то 5 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан