Хабарҳо ҲАМОИШИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА “РӮЗИ ПАРЧАМИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН” ТАҲТИ УНВОНИ “ПАРЧАМ – РАМЗИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ” Бо admin Охирин навсозӣ Ноя 22, 2022 0 “Парчами миллии Тоҷикистон рамзи давлатдории мо дар ҷаҳон аст, ки он бо ҳамин шакл 30-сол қабл дар ҷаласаи XVI – уми Иҷлосияи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва қабул гардидааст. Аз ин рӯ, бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин баъд ҳамасола 24 ноябр ҳамчун “Рӯзи Парчами давлатӣ” таҷлил карда мешавад.” Санаи 22.11.2022с. тибқи дастуру супоришҳои директори муассиса н.и.т. Ашуриён Ш. С. ва нақша – чорабиниҳои қисми тарбия бо мақсади арҷ гузоштан ба яке аз рамзҳои давлатӣ – Парчами давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ таҳти унвони “Парчам – рамзи ҳувияти миллӣ” бо иштироки Зуҳурзода Заррина – Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Каримова Ашурбӣ Одинаевна – муовини раиси ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан – мудири Шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода – директори Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” ва кормандону донишҷӯён баргузор гардид. Сараввал суруди миллӣ садо дода, ровии ҳамоиш – Саидов Абдуҳанон мутахассиси Шуъбаи ташкилӣ – тарбиявӣ ва кор бо ҷавонон ҳамоишро кушода, сухани табрикотиро ба директори Муассиса н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода дод. Директори муассиса н.и.т. Ашуриён Ш. С. дар бораи таърихи тасдиқи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гиромидошти он ва мақсад аз таҷлил гардидани Рӯзи Парчам ёдоварӣ карда, инчунин дар бораи саҳми беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккулу таҳаввулоти таърихи давлатдории соҳибистиқлоли тоҷикон ва ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёгонамон суханронӣ намуданд. Меҳмонони дигари ҳамоиш низ зимни суханронии хеш аз меҳру садоқати сокинони кишвар ба Парчами давлатии кишвар ҳамчун яке аз муқаддасоти миллӣ сухан ронда, таманно намуданд, ки Парчами миллӣ – рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва қаҳрамониҳои халқи тоҷик барои ваҳдати миллӣ, нишонаи нангу номуси миллат ва таҷассуми муҳаббату садоқати ҳар як фарди Тоҷикистон ва ба Ватани ободу соҳибихтиёр то абад парафшон бошад. Ғайр аз ин донишҷӯ Баротова Дилафрӯз дар мавзӯи “Таърихи пайдоиши Парчам, моҳият ва нақши таърихии он дар давлатдории тоҷикон” баромад намуд. Инчунин донишҷӯён дар васфи парчаму рамзҳои давлатӣ шеъру қиссаҳо пешкаши ҳозирин намуданд. Дар қисми фарҳангии ҳамоиш дастаи ҳаваскорони “Шифобахш” – и муассиса бо шеъру сурудҳои дилнишин ва видеороликҳои таблиғотӣ хотири ҳозиринро шод намуданд. 0 Мубодила кардан