Лозим ба ёдоварист, ки варзишгаронро ба ин мусобиқа Президенти кумитаи Параолимпии Руссия – Павел Рожков ва сенатори Федератсияи Руссия Эдуард Исаков пешвоз гирифтанд ва дар маросими кушодашавии мусобиқа барои меҳмонон гурӯҳи бадеии хореографии миллии минтақаи Ханта-Мансийск намоиши фарҳангӣ пешкаш намуданд.
Сипас мусобиқа оғоз гашт, ки он бо иштироки 28 нафар аз чор давлат: Руссия, Арманистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон гузашта, варзишгарон дар як фазои дустӣ ва рафоқат бо ҳам қувваозмоӣ намуданд. Мусобиқа аз рӯи намуди бардошти вазн буд ва варзишгари мо ба тамошобинон ва мухлисони мусобиқа қобилияти бардошти 160кг, 170кг ва 186кг вазнро нишон доданд.
Дар ин Ҷоми Чемпионҳо варзишгарон нишон доданд, ки метавонанд ба зарбаи ҳаёт устуворӣ нишон диҳанд ва пирӯзӣ ба даст оранд. Ҳамзамон дар мусобиқа ҳар як иштирокчӣ натиҷаи меҳнати пурсамари дуру дарози худро нишон дода, ҷаҳониёнро рӯҳбаланд намуданд.
Роҳбари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, номзади илмҳои тиб Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ва аҳли коллективи Муассиса Донаёров Бахтиёрро барои иштирок ва сазовор гаштани ҷойи ифтихорӣ самимона табрик мегӯянд ва таманно доранд, ки номбурда минбаъд низ муваффақ ва парчамбардори миллати хеш бошад.