Хабарҳо ШАРҲИ МАҚОЛАИ “МАВҚЕИ ТОҶИКИСТОН Ё ЧАРО ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН КИШВАРИ ТАҶОВУЗГАР НЕСТ?” БО ДОНИШҶӮЁНИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” Бо admin On Dec 9, 2022 0 Тибқи дастуру супоришҳои директори муассиса н.и.т. Ашуриён Ш. С. ва ҷадвали тасдиқгардида санаи 8 декабри соли 2022 бо донишҷӯёни факултети “Кори ҳамширагӣ (рӯзона)” ва факултети “Кори ҳамширагӣ (шабона)” вохурӣ доир ба мақолаи АБДУЛЛОҲИ РАҲНАМО (коршинос оид ба масъалаҳои байналмилалӣ) дар мавзӯи “МАВҚЕИ ТОҶИКИСТОН Ё ЧАРО ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН КИШВАРИ ТАҶОВУЗГАР НЕСТ?” гузаронида шуд. Сараввал муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Саидова М. М. баромад намуда, муҳтавои мақоларо ба саҳми донишҷӯён расониданд. Баъдан омӯзгорони кафедраи “Фанҳои гуманитарӣ” Раҳмонов Самандар ва Аминов Бахтиёр дар мавзӯъҳои “МАРЗИ МИЛЛАТИ ТАМАДДУНОФАР” ва “ТОҶИКИСТОН ҶОНИБДОРИ ҲАЛЛИ ОҚИЛОНАИ МАСЪАЛАҲОИ МАРЗӢ” баромад намуданд. Мақсади баргузории вохурӣ, ин шарҳи соддаи моҳияти низои марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки қишрҳои гуногуни ҷомеа алалхусус донишҷӯён ва ҳар як шаҳрванди кишвар бояд онро дуруст донад ва дар асоси санаду далелҳои қавӣ ба ин нуктаҳои содда ба дурустии мавқеи худ ва кишвари худ боварии комил дошта бошад. Аз ҷумла эътимод дошта бошад, ки: – Он 211 000 гектар замини зикршуда аз назари таърихию қонунӣ маҳз ба Тоҷикистон тааллуқ доранд; -Тоҷикистон ягон даъвое нисбати ягон порча аз қаламрави қонунии Қирғизистони ҳамсоя надорад; -Тоҷикистон танҳо мехоҳад заминҳои қонунии худро, ки феълан дар ихтиёри кишвари ҳамсоя аст, баргардонад; -Ҷониби Қирғизистон аз баргардондани заминҳои ғасбшудааш саркашӣ карда, мехоҳад онҳоро расман ба ҳудуди худ дохил кунад; -Тоҷикистон дар ин низоъ на «кишвари таҷовузгар», балки маҳз ҷониби зарардида ва заминбохта мебошад; – Дар ин баҳс аз ҷониби Тоҷикистон сухан на дар бораи ҳуҷуму ғасби хоки кишвари ҳамсоя, балки сухан дар бораи ҳимоя ва озодсозии хоки ватан ва ё рондани кишвари ғосиб аз қаламрави қонунии кишвари худ меравад. Ин мавқеи бархақ ва дифоъи муқаддасест, ки ҳимоя аз он барои тамоми ҷомеа зарур аст. Доштани чунин пояи мантиқӣ ва чунин бовари рӯшану қатъӣ дар бораи мавқеи Тоҷикистон дар ин мавзӯи ҳассос, барои ташаккули рӯҳияи ватандӯстонаи аҳолӣ ва муттаҳидии ҷомеа дар атрофи мавқеи давлат ва ҳифзи устувори марзи кишвар заминаи зарурӣ фароҳам месозад. Бояд қайд намуд, ки мақолаи “МАВҚЕИ ТОҶИКИСТОН Ё ЧАРО ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН КИШВАРИ ТАҶОВУЗГАР НЕСТ?” аз 10 сарлавҳа иборат аст, ки ҳар як сарлавҳа дар алоҳидагӣ мавриди шарҳу баҳс қарор дода мешавад, то донишҷӯён хубтар дарк намоянд. Пеш 1 то 10 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан