Хабарҳо ҶАЛАСАИ ҒАЙРИНАВБАТИИ НАЗДИ МУОВИНИ ДИРЕКТОР ОИД БА КОРҲОИ ТАЪЛИМИИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” Бо admin Охирин навсозӣ Янв 13, 2023 0 Санаи 13 январи соли ҷорӣ тибқи дастуру супоришҳои роҳбари Муассиса н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода, ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ташкил ва баргузорнамоии ҷараёни сессияи зимистонаи соли таҳсили 2022-2023 ҷаласаи ғайринавбатии назди муовини директор оид ба корҳои таълимӣ баргузор шуд. Дар кори ҷаласа сардорони шуъбаҳо, деканони факултетҳо ва мудирони кафедраҳои таълимӣ ширкат варзиданд. Тибқи рӯзномаи ҷаласа масоили мухталифи марбут ба раванди таълим, аз ҷумла дараҷаи шаффофият ва раванди имтиҳонсупории донишҷӯён, давомоти донишҷӯён дар давоми сессия, сатҳи пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни донишҷӯёну омӯзгорон оид ба пешгирии сарзании омилҳои корупсионӣ, инчунин пешгӯии сифати таҳсилот ва муқоисаи он бо нишондодҳои ҳамин давраи соли таҳсили гузашта, баррасӣ гардиданд, Дар оғоз муовини директор оид ба корҳои таълимӣ н.и.т., Одилзода И.Ё. оид ба натиҷагирии санҷиши раванди имтиҳонсупорӣ ба ҳозирин маълумот дода, нуқтаҳои асосӣ ва мушкилотҳои ҳалталаби ҷойдоштаро манзури ҳозирин намуданд. Сипас масъулин оид ба сатҳи иҷроиши дастуру супоришҳои роҳбари муассиса, ки қабл аз оғози сессияи зимистона дар ҷаласаи муовинони директор ба саҳми онҳо расонида шуда буд, ҳисоботи пешакӣ дода, вазъи ҳолро дар самти мазкур қаноатбахш арзёбӣ намуданд. Инчунин изҳор гардид, ки баҳри муайянсозии сатҳи сифати таҳсилот ва муқоисаи нишондодҳо бо нишондодҳои давраи мазкури соли гузашта корҳои муайян ба сомон расонида шудааст. Ҳамчунин деканони факултетҳо ва мудирони кафедраҳо оид ба иҷроиши дастуру супоришҳои роҳбари муассиса бобати пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти пешгирии сарзании ҳолатҳои корупсионӣ маълумот пешкак намуданд, ки аз ҷониби аъзоёни раёсат қаноатбахш шуморида шуд. Дар хотимаи ҷаласа, ҷиҳати ҷамъбасти сессияи зимистона, омодасозии ҳисоботҳои мукаммал, пешкаши ҳисоботҳо ба сохторҳои дахлдор ва омодабинӣ ба нимсолаи дуввуми соли таҳсили 2022-2023 ба ҳозирин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Пеш 1 то 9 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан