Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ТАБИБОНИ ҶАВОН”-И МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” ДАР СОЛИ 2022

Санаи 19 январи соли 2023 тибқи нақша чорабиниҳои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Табибони ҷавон”-и МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва натиҷагирӣ аз фаъолияти ташкилот дар соли 2022 бо иштироки Раиси ташкилоти ибтидоии “Табибони ҷавон” н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  Розиқ Нурзод, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб  баргузор гардид.

Дар ҷаласаи ҳисоботии ташкилоти ибтидоии “Табибони ҷавон” масъалаҳои дохилиҳизбӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, қарорҳои дахлдор қабул гардид. Тибқи рӯзномаи ҷаласа дар оғоз мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  Розиқ Нурзод бо маърузаи худ оид ба “Шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои меҳварии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуда, иттилооти муфассал манзури ҳозирин гардонида шуд. Сипас ҳисоботи Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Табибони ҷавон” директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода оид ба фаъолияти солонаи ташкилоти ибтидоӣ ва масъалагузориҳо барои соли 2023 ироа гардид.

Сипас баҳри музокираи ҳисоботи солонаи фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Табибони ҷавон” муовини директор оид ба корҳои таълимӣ, аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Табибони ҷавон” н.и.т. Одилзода И.Ё. баромад намуда, пешниҳод доштанд, ки ҳисоботи пешкашнамудаи Раиси ташкилоти ибтидоӣ қаноатбахш ва қобили қабул шуморида шавад, ки ин пешниҳод аз ҷониби ҳозирин пурра ҷонибдорӣ ёфт.

Дар фарҷоми ҷаласа як қатор фаъолони ташкилоти ибтидоӣ, аз ҷумлаи кормандони собиқадор ва ҷовони ватандусту хештаншинос, ки иродаи сиёсии худро муайян намуда, дар пешбурди корҳои ташфиқотию тарғиботии ташкилоти ҳизбӣ ва ҳамзамон дар татбиқи ҳадафҳои созандаи Оиннома, Барнома ва иштироки фаъолона дар ҳаёти сиёсии ҷомеа саҳми арзанда гузоштаанд, бо Сипоснома ва Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.