Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

“НАҚШИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ ДАР ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ҲАР ЯК ФАРДИ ҶОМЕА”

Дар шароити нави таърихӣ ташаккули худшиносии миллӣ яке аз масъалаҳои муҳим буда, тарбияи он омӯзишу пажуҳиши арзишҳои миллӣ ва мероси таърихиву фарҳангиро тақозо мекунад.

Мероси фарҳангӣ ҳамчун баёнгари хотираи таърихӣ, расму ойин ва анъанаҳои миллӣ дар шинохти тамаддун ва мақоми ҷаҳонии миллати тоҷик аҳамияти бузург дорад. Бахусус нақш ва мақоми ин мерос дар баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва тарбияи ватандӯстии ҷавонон хеле бузург аст.

Бояд зикр намуд, осорхонаҳо дар тарбияи ватандӯстӣ мавқеи хосаеро ишғол менамоянд. Зеро, осорхонаҳо ин ойинаи таърих, маркази ҳифзи мероси ниёгон, баёнгари воқеаҳои тақдирсоз, посдори урфу одат ва суннату анъанаҳои миллӣ, маркази тарбияи худшиносию ватандӯстӣ, зебоипарастию башардӯстӣ, пайвандгари дирӯзу имрӯзу фардо ва аз ҳама муҳимтар муҳофизи хотираи инсоният ва мактаби бузурги маърифат мебошад.

Ин аст, ки бо ташаббуси хирадмандонаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон санаи 24 декабри соли 2022,  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ба имзо расид, ки дар шароити  ҷаҳони муосир, ки равандҳои гуногуни геополитикӣ ба манфиатҳои давлатҳои миллӣ хатар эҷод мекунанд, саривақтӣ мебошад.

Бо ин мақсад, санаи 11 феврали соли 2023 тибқи дастуру супоришҳои директори муассиса н.и.т. Ашуриён Ш. С. бо мақсади баланд бардоштани маърифати фарҳангӣ, таҳкими арзишҳои миллӣ, ҳисси худшиносӣ ва ифтихори вадандустии ҳар як фарди ҷомеа, ҳайати маъмурияти коллеҷ, сардорони шуъбаҳо, садорати факултетҳо ва мудирони кафедраҳо аз “Осорхонаи миллӣ” дидан намуданд.

 Ҳайати кормандон толорҳои намоишии *”Саразм” “Ҳахоманишинҳо”, “Сосониён”,  “Панҷакенти қадим”, “Бунҷикат”, гӯшаи “Фарҳанги исломӣ”, “Дайри Будоии Аҷинатеппа”, “Сомониён”, “Сиккаҳо”, инчунин толорҳои намоишии шуъбаи таърихи нав ва навтаринро тамошо намуданд.

Бояд қайд намуд, ки тибқи супориши директори Муассиса ҷадвал тартиб дода шуда, минбаъд ҳар ҳафта донишҷӯёну омӯзгорон ба тамошои “Осорхонаи миллӣ” сафарбар карда мешаванд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.