Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ДАРСИ КУШОДИ НАМУНАВӢ ДАР МАВЗӮИ “МИЗОҶ” ДАР КАФЕДРАИ “АСАБШИНОСӢ, ЁРИИ ПАЛЛИАТИВӢ ВА АСОСҲОИ РАВОНШИНОСӢ”-И МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”

Санаи 13 феврали соли ҷорӣ, баҳри иҷроиши дастуру супоришҳои роҳбари Муассиса, номзади илмҳои тиб Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода, ҷиҳати такмили фаъолияти педагогии омӯзгорон, ҷалби бештари донишҷӯён ба дарсҳои иловагӣ ва таҳкими дониши омӯзгорон, дар кафедраи “Асабшиносӣ, ёрии паллиативӣ ва асосҳои равоншиносӣ” аз фанни равоншиносии умумӣ, аз ҷониби омӯзгор Раҳмонов Б.С. бо донишҷӯёни гурӯҳи 423 факултети “Кори ҳамширагӣ” (таълимоти умумии асосӣ) дарси кушоду намунавӣ дар мавзӯи “Мизоҷ” баргузор шуд. Инчунин дар дарси кушод сардори шуъбаи назорати сифати таҳсилот Сафаров А., сармутахассиси шуъбаи мазкур Мазабова Н.Н., сардори шуъбаи илмӣ-методии Коллеҷ Раҳимова Х., деканони факултетҳо Қурбонов Н.Т., декани факултет Олимова Ш.Э. иштирок доштанд.

Дарси кушод бо истифода аз усулҳои фаъоли таълим, аёниятҳову расмҳо, картаҳо, муаррифии фаннӣ ва тахтаи электронӣ ҷараён гирифта, истифодаи аёниятҳои гуногун таваҷҷӯҳи донишҷӯёнро нисбати мавзуъ бештар менамуд. Аёниятҳои истифодашуда ба мундариҷаи мавзуъ нигаронида шуда буд.

Омӯзгор тавонист бо усулҳои муосири таълим ва таҷрибаи педагогии худ мазмуни асосии дарсро ба донишҷӯён фаҳмонад. Дар идома миёни донишҷӯён доири мавзуи баррасишаванда мубодилаи афкор сурат гирфит.

Дар интиҳо намояндагони садорати факултетҳо ва раёсати Коллеҷ фикру пешниҳодҳои худро доири машғулияти мавриди назар иброз намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки чунин ибтикорот дар дигар кафедраҳои Коллеҷ низ ба нақша гирифта шудааст.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.