Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ҲАФТАИ ФАННӢ АЗ ҶОНИБИ КАФЕДРАИ “ФАНҲОИ ТИББӢ – БИОЛОГӢ”

Дар асоси нақша чорабиниҳои МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” ва дар доираи нақшаи “Ҳафтаи фаннӣ” бахшида ба солҳои 2020 – 2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рӯшди фанҳои табиатшиносӣ дақиқиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” санаи 13 – уми феврали соли 2023 дар толори кафедраи “Фанҳои тиббӣ – биологӣ” – и МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” ҳамоиши донишҷӯён дар мавзӯи “Ҳифзи пиряхҳо – ҳифзи ҳаёти мо!” баргузор гардид. Дар ҳамоиш Сардори шӯъбаи идоракунии сифати таҳсилоти Муассиса Сафаров А.И., Сармутахассиси ҳамин шӯъба Мазабова Н.Н., Мудири кафедраи “Фанҳои тиббӣ – биологӣ” – и Муассиса Раҳмонова М.Ш.,  устодон ва донишҷӯён иштироки фаъолона намуданд. Ҳамоиш бо ташаббуси Мудири кафедраи “Фанҳои тиббӣ – биологӣ” Раҳмонова М.Ш. ва омӯзгори фанни географияи ҳамин кафедра Валиев А.Т. ташкил ва баргузор карда шуд.

Ҳамоиш дар ҳошияи Даҳсолаи нави байналмиллалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018 – 2028 ва эълон гардидани соли 2025 “Соли байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо” аз ҷониби СММ гузронида шуд. Тавре Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки даҳсолаҳои охир дар минтақаи мо тағйири назарраси даврҳои иқлим беш аз пеш ба мушоҳида мерасад. Зимистонҳои мо сарду тулонӣ ва фасли тобистон гарму хушк гардида истодаанд. Вабаста ба ин, ҳоло дар минтақа талабот ба неруи барқ ва захираҳои об ба таври назаррас афзоиш ёфтааст. Илова бар ин, даври гидрологӣ низ тағйир ёфта истодааст, ки дар минтақа боиси дигар шудани ҷараёни дарёҳо ҳам аз лиҳози ҳаҷм ва ҳам аз лиҳози замон мегардад. Дар чунин вазъият иқтидорҳои мавҷудаи истеҳсоли неруи барқ ва танзими захираҳои об дар минтақа наметавонанд талаботи рӯзафзуни аҳолӣ ва иқтисодро қонеъ гардонанд. Ҳамзамон бо ин, кишварҳои минтақа дар авҷи мавсими обёрӣ ба камбуди об дучор гардиданд. Бо дарназардошти оқибатҳои вазнини идомаи ин раванд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Панели сатҳи баланд вобаста ба масъалаҳои об ва иқлим пешниҳод намуданд, ки соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон гардида, санаи мушаххаси «Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо» муқаррар карда шавад. Пешниҳоди дигари ҷониби Тоҷикистон таъсис додани Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо аст.

Ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати роҳандозии ҳамкории бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ дар роҳи расидан ба рушди устувор дар соҳаи об заминаи мусоид фароҳам меоранд. Дар шароити имрӯза маҳз мавқеъгирии маҷмӯӣ метавонад барои ҳалли мушкилоти рӯзмарра, рушди иқтисоди «сабз» ва пешрафти босубот заминаи боэътимод гузорад. Мо аз иқдомҳои Президенти Тоҷикистон дар ин самт истиқбол мекунем. Бо назардошти он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон манбаи бузурги захираҳои обӣ буда, дар даҳсолаҳои охир обшавии раванди пиряхҳо зиёд шудаанд, ҷиҳати омӯзиши амиқи ин масъалаи муҳим дар ҷумҳурӣ Маркази пиряхшиносӣ ташкил гардидааст. Маркази мазкур тасмим гирфтааст, ки дар баробари пешбурди тадқиқот, мониторинги захираҳои обиро гузаронида, инчунин харитаи пиряхҳои Тоҷикистонро омода намояд. Дар факултаҳои ҷуғрофиёи донишкадаҳо таълими ихтисоси омӯзиши пиряхҳо ба роҳ монда шуда, мутахассисони соҳаи мазкур тайёр карда мешаванд, то ки онҳо дар давоми даҳсола пажӯҳишҳои тахассусиро ба анҷом расонанд.

Бо дарназардошти пешниҳодҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Панели сатҳи баланд вобаста ба масъалаҳои об ва иқлим моро зарур аст, ки ҳамчун мардуми кишвари ташаббускор тамоми чорабиниҳои банақшагирифтаро пайгирона, ба таври мақсаднок ва дар сатҳи баланд иҷро намоем, то ки онҳо баҳри рушди устувор самараи дилхоҳ диҳанд ва дар ҷомеаи муосир мақому манзалати сазовор пайдо намоянд.

Дар охири ҳамоиш вобаста ба мавзӯи пешниҳодшуда виктарина ва мубодилаи афкор гузаронида шуд.

Сардори шӯъбаи идоракунии таҳсилоти Муассиса Сафаров А.И. баромад намуда,  барои  дар сатҳи баланди чорабинӣ гузаронидани ҳамоиш ба ташкилкунандагон изҳори қаноатмандӣ намуд ва қайд намуд, ки чунин чорабиниҳо дар татбиқи даҳсолаи байналмиллалии амал “Об барои рӯшди устувор” замина хоҳад гузошт.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.