Хабарҳо ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ КОЛЛЕКТИВИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ТАРИҚИ МАҶОЗӢ (ОНЛАЙНӢ) ДАР ҶАЛАСАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ОЗМУНИ “ТОҶИКОН – ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ” Бо admin On Feb 15, 2023 0 Санаи 15 феврали соли ҷорӣ тибқи дастуру супоришҳои роҳбари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ва мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати кормандону омӯзгорони Муассиса дар ҷаласаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии оид ба озмуни “Тоҷикон – оинаи таърихи миллат” тариқи маҷозӣ (онлайнӣ) ширкат варзиданд. Раисии кори ҷаласаро Ализода Довуд – сардори раёсати таҳсилоти миёнаи касбии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дошта, зимнан иброз доштанд, ки мутасаддиён дар муассисаҳои таълимӣ даврҳои аввали озмуни “Тоҷикон – оинаи таърихи миллат”-ро баргузор намуда, миёни донишҷӯён беҳтаринҳоро интихоб намуда ба давраҳои ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ роҳсипор намоянд. Пас аз ба итмом расидани ҷаласаи маҷозӣ, муовини директор оид ба корҳои таълимӣ н.и.т. Одилзода И.Ё. ба деканони факултетҳо ва мудирони кафедраҳои таълимӣ ҷиҳати ҷалби ҳар чи бештари хонандагону омӯзгорон дастуроти мушаххас доданд. Зимнан зикр гардид, ки иштироки донишҷӯёну омӯзгорон дар омзмуни мазкур нуфузи муассисаро миёни дигар муассисаҳои таълимӣ боло бурда, аз ин лиҳоз роҳандозии ин кор барои роҳбарият, алалхусус барои директори Муассиса н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода дар мадди аввал меистанд. Пеш 1 то 8 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан