Хабарҳо ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ ДИРЕКТОРИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” Бо admin On Feb 21, 2023 0 Санаи 21 феврали соли ҷорӣ тибқи нақшаҳои тасдиқгардида, ҷаласаи назоратии назди роҳбари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода баргузор гардид, ки дар он муовинони директор, сардорони шуъбаҳо, деканатҳо ва мудирони кафедраҳо иштирок доштанд. Дар ҷаласа масъалаҳои мухталиф, вобаста ба фаъолияти шуъбаҳои гуногуни Муассиса баррасӣ гардиданд, аз ҷумла вазъи таълиму тарбия, омодабошӣ ба иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, сатҳи то ба ҷои кор рафта расидани хатмкунандагон ва ҳамчунин пешвоз ва таҷлили сазовори ҷашнҳои ниёгони дар пеш истода. Роҳбари муассиса баҳри беҳтарсозии сатҳу сифати таълиму тарбия дар оғози нимсолаи баҳории соли таҳсили 2022-2023 ва баҳри таъмини иштироки донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ба шахсони масъул дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Роҳбари муассиса инчунин изҳор доштанд, ки кор дар самти баргузорнамоии ҳафтаҳои фаннӣ ва дарсҳои кушоду намунавӣ низ ҷоннок карда шуда, ба чорабиниҳои мазкур омӯзгорони собиқадору пуртаҷриба ҷалб карда шаванд. Ҳамзамон барои пешвоз ва таҷлили сазовори идҳои баҳорӣ ба масъулин барои тартиби нақша-чорабиниҳо дастуроти мушаххас дода шуд. Пеш 1 то 9 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан