Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ДАРСИ КУШОДИ НАМУНАВӢ ДАР МАВЗӮИ “ЗАБТКОРИҲОИ ОСИЁИ МИЁНА АЗ ҶОНИБИ ИМПЕРИЯИ ЮНОНУ МАҚДУНӢ” ДАР КАФЕДРАИ “ФАНҲОИ ГУМАНИТАРӢ” – И МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”

Санаи 21 феврал баҳри иҷроиши дастуру супоришҳои роҳбари Муассиса н.и.т. Ашуриён Ш.С., ҷиҳати такмили фаъолияти педагогии омӯзгорон, ҷалби бештари донишҷӯён ба дарсҳои иловагӣ ва таҳкими дониши омӯзгорон дар кафедраи “Фанҳои гуманитарӣ”, аз ҷониби омӯзгор Шерхонова Г., аз фанни “Таърихи халқи тоҷик” бо донишҷӯёни гуруҳи 104 “Кори табобатӣ” дарси кушоду намунавӣ дар мавзӯи “Забткориҳои Осиёи миёна  аз ҷониби империяи  Юнону мақдунӣ” баргузор шуд, ки дар он сардори   шуъбаи назорати  сифати таълим  Сафаров А., сармутахассиси  шуъбаи мазкур Мазабова  Н. Н., иштирок доштанд. Дарси кушод  бо истифода аз усулҳои фаъоли таълим, аёниятҳову расмҳо муаррифии фаннӣ ва тахтаи электронӣ ҷараён гирифт. Омӯзгор  тавонист бо усулҳои муосири таълим  ва таҷрибаи педагогии худ мазмуни асосии дарсро ба донишҷӯён фаҳмонад. Дар интиҳо намояндагони назорати сифати таҳсилоти Коллеҷ фикру пешниҳоди  худро оиди дарси кушод иброз намуданд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.