Хабарҳо ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ КОЛЛЕКТИВИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ТАРИҚИ МАҶОЗӢ (ОНЛАЙНӢ) ДАР ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Бо admin Охирин навсозӣ Feb 22, 2023 0 Санаи 22 феврали соли 2022 тибқи дастуру супоришҳои роҳбари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ва мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати кормандону омӯзгорони Муассиса дар ҷаласаи навбатии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи маҷозӣ (онлайнӣ) ширкат варзиданд. Раисии кори ҷаласаро Абдулхолиқзода Лутфия – муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда дошта, дар кори ҷаласа муовинони вазир, сардорони раёсату шуъба ва сардорони сарраёсат, раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилояту шаҳру ноҳияҳо, ҳамзамон ҳайтаи роҳбарикунандаи тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ тариқи маҷозӣ (онлайнӣ) ширкат варзида, маърӯзаи муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулхолиқзода Лутфия “Оид ба пешбурди корҳои тарғиботию ташфиқотӣ миёни донишҷӯён баҳри пешгирии шомилшавӣ ба гурӯҳҳои терористию экстремистӣ”, “Пешгирии сарзании омилҳои коррупсионӣ дар муассисаҳои таълимӣ” ва “Оид ба вазъи таъминоти методии муассисаҳои таълимии миёнаи касбӣ бо адабиётҳои таълимӣ”-ро мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Лозим ба ёдоварист, ки дар муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” баҳри дар сатҳи зарурӣ пеш бурдани корҳои тарбиявӣ шуъбаи тарбия ва шуъбаи кор бо ҷавонон кор ва фаъолият менамоянд. Тибқи нақшаҳои тасдиқгардида ба ҳар як гурӯҳи таълимӣ сарпарасти тарбиявӣ вобаста шудааст, ки онҳо муваззафанд дар муҳлатҳои муайяншуда бо гурӯҳҳои худ соатҳои тарбиявӣ гузаронида, бо ин роҳ корҳои фаҳмондадиҳӣ, тарғиботию ташфиқотӣ гузаронида, монеи шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳаракатҳои тундраву экстремистӣ шаванд. Ҳамзамон бобати масъалаи дуюми ҷаласа, дар Муассиса комиссияи махсуси доимамалкунанда фаъолият менамояд, ки мунтазам миёни донишҷӯёну омӯзгорон корҳои фаҳмондадиҳиро ҷиҳати пешгирии сарзании ҳолатҳои номатлуби коррупсионӣ пеш бурда, натиҷаи фаъолияти комиссияи мазкур дар сомонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ таблиғ карда мешаванд. Ҷиҳати вазъи таъминоти методӣ бо адабиётҳои таълимӣ, дар Муассиса шуъбаи илмӣ-методӣ фаъолият менамояд, ки то ба имрӯз шумораи зиёди дастурамалҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ, маводҳои таълимии ёрирасон ва маҷаллаю газетаҳои гуногун аз ҷониби шуъбаи мазкур бо ҳамбастагӣ бо кафедраҳои таълимӣ ба тавсиб расида, дигар муассисаҳои таълимии миёнаи касбӣ аз онҳо васеъ истифода мебаранд. Пеш 1 то 7 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан