ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” БАХШИДА БА 30-ЮМИН СОЛГАРДИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Омӯзгорон ва донишҷӯёни мӯҳтарам, меҳмонони гиромиқадр!
Шумо ва дар симои шумо тамоми мардуми ватани маҳбубамонро ба муносибати 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.
Дар ин рӯзи фараҳбахш ба ҳамаи фарзандони фарзонаи миллат, ки ҳаёти худро ба кори бузург, яъне муҳофизати Ватан бахшидаанд, эҳтироми самимӣ баён менамоям.
Халқи шуҷоъ ва наҷиби мо бо фарзандони далер – ҷанговарони диловар, ки ба савганди муқаддас вафодор буда, вазифаи худро бошарафона адо менамоянд, ба таври сидқӣ ифтихор менамоянд.
Дустони азиз!
Ҳукумати кишвар аз оғози соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии оқилона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои назаррасеро анҷом додаанд, ки ҳамчун натиҷа дар кишвари мо нуфуз ва иқтидори артиши миллӣ хеле афзуд ва имрӯз бо камоли эътимод метавон гуфт, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон қодиранд амнияту суботро дар кишвар ва дахлнопазирии сарҳадҳои онро пурра таъмин намоянд.
Дар шароити кунунии мураккаби сиёсии ҷаҳон, мардуми шарафманди мо хуб дарк мекунанд, ки ҳифзи боэътимоди истиқлолият ва соҳибихтиёрии Ватан, тамомияти арзии он, ҳифзи муҳимтарин сарвати худ – сулҳу оромӣ дар ҷамъият то чи андоза муҳим аст. Маҳз ҳамин аст, ки таҳкими минбаъдаи иқтидори мудофиавии кишварро яке аз самтҳои афзалиятноки рушди ҷумҳурӣ ба шумор меравад.
Имрӯз дар арафаи таҷлили 30 солагии Артиши миллӣ бо як олам ифтихору сарфарозӣ метавон афзуд, ки агар ҳар кадом кишвару давлати олам ба чандин рукнҳои меҳварии кишвардорию давлатдорӣ боэътимоду боварии бутун такя дошта бошад, яке аз асоситарин рукнҳои боэътимоди он Артиши миллӣ аст. Аз ин лиҳоз, хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мисли дигар самту равандҳои кишвардорӣ, дар таъсиси Артиши миллӣ ва марҳила ба марҳила мустаҳкам намудани Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле калон аст.
Имрӯзҳо ба тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстию ватанпарварӣ дар асоси арзишҳои олии маънавию ахлоқӣ таваҷҷуҳи хоса дода мешавад. Ҳифзи иҷтимоии оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ва собиқадорони соҳа низ дар назди Ҳукумати кишвар аҳамияти калон дорад.
Ҳамватанони азиз!
Имрӯзҳо дар тамоми дунё, хосатан дар минтақаи мо, дар наздиктарин марзҳоямон мушкилотҳо ва таҳдидҳои гуногун шиддат гирифта истодаанд. Дар ин шароитҳо ҳар як фарзанди бонангу номуси Ватан бояд аз тарбияи мактаби далериву шуҷоат, яъне хизмат дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳ гузашта, қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагии худро адо намоянд. Албатта имрӯзҳо даҳҳо ҳазор ҷавонони мо дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ хизмат намуда, собит сохтаанд, ки Артиши миллӣ аз ӯҳдаи ҳимояи манфиатҳои миллӣ, муқаддасоти давлати соҳибистиқлол ва таъмини амнияти давлат ва ҷомеа бо сарбаландӣ баромада метавонанд.
Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мактаби бузурги мардонагӣ, матонат ва гарави ҳаёти осоиштаи мардум ба сохтори муташаккил ва муҷаҳҳаз табдил ёфтаанд.
Бори дигар аз фурсати муносиб истифода бурда ҳамаи ҳамватанони худро бо ифтихори ҷашни 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат табрик гуфта, ба Шумо тансиҳативу хушбахтӣ, сарбаландиву саодат ва ба Тоҷикистони озоду соҳибихтиёрамон оромии ҷовидонӣ орзу менамоям.
30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!
АШУРИЁН Шаҳло Сайфуллозода – директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”