Хабарҳо ВОХӮРӢ БО ҲАЙАТИ КОРШИНОСОНИ ТАШКИЛОТИ УМУМИҶАҲОНИИ ТАНДУРУСТӢ ДАР МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” Бо admin Охирин навсозӣ Фев 28, 2023 0 Санаи 28 феврали соли 2023 бо ибтикороти директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ҷиҳати мустаҳкамсозии робитаҳои байналмиллалӣ бо созмонҳои бонуфузи умумиҷаҳонӣ, дар муассиса, бо намояндагони созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хонум Ҷойрин Биромумаисо – намояндаи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, шахси масъул оид ба пешгирӣ ва назорати беморони гирифтори бемориҳои сироятӣ ва Нодиршоева Роза Ҷалиловна –корманди техникии гурӯҳи кории мазкур оид ба баррасӣ ва омодасозии дастурамалҳо, стандартҳо ва барномаҳои таълимӣ вохӯрӣ баргузор шуд. Дар оғози вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба моҳияти саҳми кормандони миёнаи тиб дар пешгирии сарзании ҳолатҳои эпидемиологӣ ва назорату нигоҳубини беморони гирифтори бемориҳои сироятӣ ибрози андеша намуда, изҳор доштанд, ки воридсозии таъғиру иловаҳо дар барномаҳои таълимӣ вобаста ба талаботи замон тадбири саривақтӣ ва зарурӣ шуморида мешаванд. Ҳадафи аслии ин нишаст низ мутобиқ гардонидани барномаҳои таълимии МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” бо талаботҳои вазъи кунунии эпидемиологӣ дар ҷаҳон ва воридсозии таъғиру иловаҳои марбут ба нақшаву дастурҳои таълимӣ буд, ки аз ҳарду ҷониб дастгирии васеи худро ёфта, нақша-дурнамои ҳамкориҳои минбаъда баррасӣ карда шуданд. Пеш 1 то 5 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан