Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

МОДАР — ОЛИҲАИ МЕҲР

Таҳти ин унвон санаи 1-уми марти соли 2023 бахшида ба Рӯзи модар дар  Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода чорабинии идонаи тантанавӣ дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Дар ин чорабинии бошукуҳ як қатор ҷавонон, бонувони фаъол ва роҳбарони муассисаву ташкилотҳо ширкат ва суханронӣ намуданд.

Бояд қайд намуд, ки дар чорабинии мазкур директори МДТ «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ»  н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода низ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Иштирокчиёни ин чорабинии бонуфуз аз ташаббусҳову дастигириҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати бонувон, нақши модар дар тарбияи насли инсон, саҳми занон дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол ва бузургии зан — модар сухан гуфта, ҷавондухтаронро ба ватандӯстиву худшиносӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, омӯхтани забонҳои хориҷӣ ва донишандӯзиву рӯзгордорӣ роҳнамоӣ карданд.

Дар идома аз ҷониби бахши фарҳанг ва дастаи ҳунарии “Субҳи ҷавонӣ”-и Донишгоҳ чорабинии хотирмони фарҳангӣ-фароғатӣ, ки аз табрикнома бо забонҳои хориҷӣ, шеъру таронаҳо дар ситоиши модар, ва суруду рақсҳои зебои хатлониву суғдиву бадахшонӣ ва хориҷӣ иборат буд, манзури тамошобинон гардид.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.