Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

МАЪРАКАИ ОБОДОНӢ ДАР САТҲИ ҶУМҲУРИЯВӢ — ИСТИҚБОЛИ САЗОВОРИ ҶАШНИ НИЁГОНИ НАВРӮЗ

Санаи 14 марти соли 2023 тибқи дастуру супоришҳои роҳбари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ва барқияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати шаҳрдории донишҷуён, инчунин баҳри пешвози сазовори ҷашни ниёгони Наврӯз дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” маъракаи ободонӣ, бо ҷалби омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён гузаронида шуд.

Лозим ба ёдоварист, ки покизагӣ яке аз шиори асосии кормандону донишҷӯёни Муассиса ва умуман тамоми кормандони соҳаи тандурустӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ дар биноҳои таълимӣ ва хобгоҳи Коллеҷ шанбегиҳо бо ҷалби омӯзгорону донишҷӯён мунтазам гузаронида мешавад. Хосатан, ки мо дар арафаи ҷашнгирии иди ниёгони миллии худ қарор дорем, покизасозии гирду атрофи биноҳои таълимӣ аҳамияти бештар пайдо менамоянд.

Дар рафти чорабинии ободкорӣ омӯзгорон ва ҳам донишҷӯён бо як масъулияти хос ва ҳисси баланди ватандӯстӣ баҳри симои зебо ғасб намудани биноҳои таълимӣ ва дар ин ҳошия ободу зебо намудани шаҳри азизамон Душанбе,  ҳудуд ва гирду атрофи биноҳои таълимии Муассисаро рубучин, дохили майдончаҳои варзишӣ ва майдончаҳои гулкорӣ шударо аз хазонҳо ва  ҷӯйбору обравҳои атрофи муассисаро аз партовҳо покиза намуданд.

Қайд кардан зарур аст, ки гузаронидани шанбегиҳо дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”  ба ҳукми анъана даромада, нишони иҷроиши дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ва пайравӣ аз иқдомҳои некхоҳонаи Раиси азизи шаҳрамон, ҷиҳати тарғиби корҳои ободонию созандагӣ мебошанд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.