Хабарҳо ИҚДОМИ “СОҲИЛИ ПОКИЗА” АЗ ҶОНИБИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ КАСБӢ БО ТАШАББУСИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Бо admin Охирин навсозӣ Mar 15, 2023 0 Санаи 15 марти соли 2023 бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои бевоситаи роҳбари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ихтиёриёни фаъоли Муассиса аз ҷумлаи донишҷӯён ва омӯзгорон баҳри тоза сохтани соҳили дарёи Душанбе ба иқдоми “Соҳили покиза” сафарбар гардиданд. Чи тавре зикр гардид, иқдоми мазкур аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, дар он тамоми муассисаҳои таълимии миёна ва ибтидоии касбии шаҳри Душанбе ширкат варзиданд. Баҳри покиза сохтани соҳили дарёи Душанбе аз партов, муассисаҳои таълимӣ ба гурӯҳҳо ҷудо шуда, ба ҳар як гурӯҳ минтақаи махсус вогузор карда шуд. Донишҷӯён дар ин иқдом бо камоли майл иштирок намуданд, зеро покиза сохтани макони зисти худ аз партов ин нишондиҳандаи фарҳанги волои шаҳрдорист. Дар муддати ду соати кор донишҷӯён 3 километр соҳилро аз шиша, пластмасса ва дигар партовҳои маишӣ покиза сохтанд. Дар покизасозӣ донишҷӯён сатҳи баланди масъулият зоҳир намуда, на танҳо партовҳои калон, балки шишапораҳо, шохаҳои дарахтон ва хазонҳои ҷамъшударо аз соҳили дарё дар халтаҳо ҷамъ оварда беруни соҳил гузоштанд, ки сипас он партовҳо аз ҷониби кормандони идораҳои манзилию комунналии маҳаллӣ ба партовгоҳҳои махсус бурда шуданд. Дар ин иқдом зиёда аз 150 ихтиёриён аз Муассиса ва як зумра омӯзгорон ширкат варзиданд. Бояд ёдовар шуд, ки мо дар арафаи ҷашни миллии “Наврӯз” қарор дорем ва ташкилу баргузории чунин чорабиниҳо баёнгари сатҳи баланди фарҳанги шаҳрдории миллат ба шумор рафта, ҳамасола баргузории чунин иқдомҳо ба ҳукми анъана ворид гаштааст. Мақсад аз баргузории иқдоми мазкур низ тавассути корҳои ободонӣ таълим додан ба насли наврас одоби шаҳрнишинӣ буда, дар баробари ин соҳили дарёи Душанбе покиза шуда, дар ин замина пойтахти маҳбубамон шаҳри Душанбе ба худ ҳусни нотакрор ҷалб менамояд. Пеш 1 то 8 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан