Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ЭЪЛОН!!

МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”

      Дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, довталабон дар факултетҳои  рӯзона аз рӯи ихтисосҳои зерин қабул карда мешаванд

  • Бо мӯҳлати таҳсили 4 — сола:
  • “Кори табобатӣ”, бо додани тахассуси “Ҳамшираи (бародари) тибби оилавӣ (буҷавӣ ва шартномавӣ);
  • ”Кори момодоягӣ”, бо додани тахассуси “Момодоя” (буҷавӣ ва шартномавӣ);
  • ” Кори ҳамширагӣ, бо додани тахассуси “Ҳамшираи (бародари) тиббӣ (дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) (с.9) (шартномавӣ);
  • “ Кори фарматсевтӣ, бо додани тахассуси “Ёрдамчии фарматсевт” (дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) (с.9) (шартномавӣ);
  • “Кори тиббию-ташхисӣ”, бо додани тахассуси “Лаборант (дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) (с.9) (шартномавӣ);
  • “Кори дандонсозӣ, бо додани тахассуси “Техники дандон” (дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) (с.9) (шартномавӣ)
  • Бо мӯҳлати таҳсили 3- сола: дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ
  • ” Кори ҳамширагӣ,бо додани тахассуси “Ҳамшираи (бародари) тиббӣ (буҷавӣ ва шартномавӣ);
  • “Кори тиббию-ташхисӣ”, бо додани тахассуси “Лаборант (буҷавӣ ва шартномавӣ );
  • “Кори тиббию профилактикӣ”, бо додани тахассуси “Ёрдамчии табиби гигиенист, санитарӣ ва эпидемиолог” (буҷавӣ ва шартномавӣ);
  • “Истифодабарии техника ва таҷҳизоти тиббӣ,бо додани тахассуси “Техник-механик (шартномавӣ);
  • “ Кори тиббӣ офиятӣ”, бо додани тахассуси “Ҳамшираи тиббӣ оид  ба масҳ,   варзиши муолиҷавӣ ва  физиотерапия ” (буҷавӣ ва шартномавӣ);
  • “ Кори фарматсевтӣ”, бо додани тахассуси “Ёрдамчии фарматсевт” (шартномавӣ);
  • “Кори дандонсозӣ, бо додани тахассуси “Техники дандон” (шартномавӣ).
  • “Кори табобати дандон”, бо додани тахассуси “Ёрдамчии табиби дандон” (шартномавӣ).
  • Кори ҳифзи иҷтимоӣ- бо додани тахассуси “Коргари ҳифзи иҷтимоӣ”(буҷавӣ)
  • Физиотерапевт — бо додани тахассуси “ассисенти физиотерапевт” (буҷавӣ)

Дар  факултетҳои  шабонаи МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” довталабон бо мӯҳлати таҳсили  3 сола  бо таҳсилоти миёнаи умумӣ аз рӯи ихтисосҳои зерин қабул карда мешаванд.

  • Кори ҳамширагӣ, бо додани тахассуси Ҳамшираи (бародари) тиббӣ (шартномавӣ);
  • Кори фарматсевтӣ”, бо додани тахассуси “Ёрдамчии фарматсевт” (шартномавӣ)
  • “Кори дандонсозӣ, бо додани тахассуси “Техники дандон” (шартномавӣ).

Имтиҳонҳои дохилшавӣ дар Маркази Миллии Тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда  мешавад.

Номгӯи

ҳуҷҷатҳое, ки довталабон ба комиссияи қабул месупоранд.

  1. Ариза ба номи директор.
  2. Ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот (умумии асосӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ , таҳсилоти ибтидоии касбӣ, таҳсилоти миёнаи касбӣ ва таҳсилоти олии касбӣ)- намунаи асл.
  3. Маълумотномаи тиббӣ (шакли №038).
  4. 6 адад расм (андозаи 3х4см) .
  5. Шиноснома (шаҳодатномаи таваллуд) пешниҳод карда мешавад.
  6. Маълумотнома аз ҷои истиқомат.
  7. Билети ҳарбӣ (шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда) пешниҳод карда мешавад.
  8. Ҳангоми будани собиқаи корӣ нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ.

9.Хислатнома аз ҷойи кор.

10.Нусхаи қарордод байни довталаб ва муассисаи таълимӣ (фақат барои шахсоне, ки аз ҳисоби буҷаи давлат таҳсил мекунанд). Нусхаи қарордодро муассисаи таълимӣ омода менамояд ва дар вақти супоридани ҳуҷҷат аз тарафи довталаб ба расмият дароварда мешавад.

11.Нусхаи қарордод байни довталаб ва муассисаи таълимӣ дар бораи таҳсил дар гурӯҳҳои шартномавӣ. Нусхаи қарордод аз тарафи муассисаи таълимӣ омода карда мешавад.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.