Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

БАРГУЗОРИИ ДАВРИ АВВАЛИ (ДОХИЛИМУАССИСАВӢ) ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ИЛМ – ФУРУҒИ МАЪРИФАТ”, “ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН”, “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ” ВА ““ТОҶИКОН” – ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ” ДАР МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”

Санаи 4 апрели соли 2023 тибқи дастури директори Муассиса н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ва нақша – чорабиниҳои тасдиқгардида дар Муассиса озмунҳоии ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат” ва бори нахуст озмуни ҷумҳуриявии ““Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат” байни донишҷӯёни Муассиса баргузор гардид.

Дар оғоз муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Саидова Мавҷуда Мирзошарифовна суханрони намуда,  оид ба муҳиммияти озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва омодагии донишҷӯён дар озмунҳои мазкур суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки иштирок дар озмунҳоии ҷумҳуриявӣ мояи ифтихор ва шараф мебошад.

Зимнан қайд намуданд, ки бо ибтикори сиёсати дурбинона ва ҳакимонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони халқамон дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва ба ҳамин роҳ шинохти беҳтари нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмиву таърихӣ дар китоби мондагору пурарзиши академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» ва дигар асарҳои таърихӣ инъикос ёфтааст, бори нахуст озмуни ҷумҳуриявии ““Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат” дар соли 2023 баргузор карда мешавад.

Ҳамзамон, қайд намуданд, ки таҳти сарпарастии Пешвои муаззами миллат озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” роҳандозӣ шудааст, ки дар самти дарёфти истеъдодҳои нав, таблиғ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, инчунин, муаррифии фарҳанги волои тоҷик саҳми хосса дорад.

Баъдан Муминзода Ҷ. С. – муовини директор оди ба корҳои илмӣ – методӣ, инноватсия ва робитаҳои байналмиллалӣ баромад намуда қайд намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи маориф ва илм, инчунин, барои бедор намудани шавқу завқи зебоипарастӣ ва китобхонии қишрҳои гуногуни ҷомеа озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”-ро ташкил намуданд, ки он барои ҳадафҳои манфиатбахши давлату ҳукумат саривақтӣ мебошад.

Инчунин, қайд намуданд, ки бо мақсади дарёфти истеъдодҳои наврасу ҷавон озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” роҳандозӣ шудааст, ки он дар самти амалисозии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” (солҳои 2020-2040) ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ мусоид мебошад. Инчунин устод оиди талаботҳои низомномаи ҳар озмуни вумҳуриявӣ гуфта гузаштанд.

Бояд қайд намуд, ки донишҷӯён ва дигар кормандони Муассиса, ки бевосита дар озмунҳо иштирок менамоянд ва ба ҷойҳои ифтихорӣ сазовор мегарданд, ҳамзамон устодоне, ки дар ин озмунҳо шогирдонашон сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд, аз ҷониби роҳбари Муассиса бо туҳфаҳои моддиву маънавӣ ҳавасманд гардонида мешаванд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.