Хабарҳо ДАРСИ КУШОДИ НАМУНАВӢ АЗ ТАРАФИ КАФЕДРАИ “БЕМОРИҲОЯИ СИРОЯТӢ” – И МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” Бо admin On Apr 13, 2023 0 Тибқи дастуру супоришҳои директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т Ашӯриён Шаҳло Сайфуллозода ва нақшаи тасдиқ гардида барои баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён сифати таълим санаи 13.04.2023 сол дар кафедраи “Бемориҳои сироятӣ” – и МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” аз тарафи омӯзгори кафедра Авезова М. С., дарси кушоди намунавӣ дар мавзӯи “Қузоз” дар гурӯҳи 304 –уми факултети “Кори ҳамширагӣ” баъд аз хатми синфи (9) гузаронида шуд. Дар машғулият омӯзгори кафедраи “Бемориҳои сироятӣ” ДДТТ Комилов И.А, мудири кафедра ва омӯзгорон иштирок карданд. Дар раванди дарс аз тарафи омӯзгор усулҳои муосири таълим, тахтаи электронӣ, пур кардани муаммо, кор бо карточкаҳо, кластер истифода бурда шуд. Дар охири дарс омӯзгорон ақидаҳои худро нисбати гузаронидани дарс баён намуданд. Пеш 1 то 4 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан