Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ГУЗАРОНИДАНИ МАШҒУЛИЯТҲОИ АМАЛӢ ДАР КАФЕДРАИ “ТАШХИСИ ЛАБОРАТОРӢ” – И МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”

Тибқи дастуру супоришҳои директори МДТ «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» н.и.т Ашуриён Ш.С., ва нақша-чорабиниҳои аз ҷониби  шуъбаи таълим дар мувофиқа бо шуъбаи корҳои амали пешниҳодшуда ва тасдиқгардида, дар кафедраҳо машғулиятҳои амалӣ, мизҳои мудаввар дар мавзуъҳои актуалии соҳаи тандурустӣ,  ва дигар чорабиниҳо баргузор мегардад. Баҳри  баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи амалии муҳассилин бо истифода аз усулҳо ва таҷҳизотҳои муосири таълимӣ дар кафедраи “Ташхиси лабораторӣ” машғулиятҳои амалӣ ба роҳ монда шудааст.

Бо ин мақсад санаи 11.04.2023 сол дар кафедраи “Ташхиси лабораторӣ” ки дар базаи Пажӯҳишгоҳи профилактики тибии Тоҷикистон ҷойгир аст бо роҳбарии омӯзгори кафедра Кенҷаева Рухшона, дар гуруҳҳои 203-204 – уми факултети “Кори ҳамширагӣ” бахши шабона машғулиятҳои амалӣ гузаронида шуд.  Донишҷӯён дар рафти машғулияти амалӣ  фаъол буданд ва баъзе аз малакаҳои амалиро худ иҷро намуданд, иҷроиши малакаҳои  амалии донишҷуён дар як сатҳи баланд гузаронида шуд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.