Хабарҳо ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ ДИРЕКТОРИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” Бо admin Охирин навсозӣ Apr 19, 2023 0 Санаи 18 апрели соли 2023 дар толори хурди маҷлисгоҳи бинои асосии МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” ҷаласаи назоратии назди директори муассиса, н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода баргузор гашт. Тибқи рӯзнома як қатор масъалаҳо, аз ҷумла “Омода сохтани ҳуҷҷатҳои хатмкунандагон ба тақсимоти фардӣ баҳри таъмин бо ҷойи кор”, “Омода сохтани ҳуҷҷатҳо барои баргузор намудани Аттестатсияи давлатии хатм”, “Рафти озмунҳои дохиликоллеҷӣ ва пешниҳоди беҳтаринҳо барои иштирок дар озмунҳои фаннӣ ва олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ”, “Пешбурди корҳои таблиғотӣ миёни ҷавонписарон оид ба моҳияти хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳ”, “Ташкил ва баргузорнамоии чорабиниҳои варзишӣ” ва “Дастгирии ятимони кул ва камбизоатон дар арафаи Иди саиди Фитр” мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар оғози ҷаласа роҳбари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ҳозиринро бо фарорасии иди саиди Фитр табрику таҳният намуданд. Сипас, баҳри баррасии масъалаҳои зикргардида сухан ба ашхоси масъул дода шуд. Оид ба намунаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои тақсимоти фардӣ, мутахассиси шуъбаи таълим Зарипова Б. маъруза намуда, талаботҳои мавҷударо дар тартиби ҳуҷҷатнигорӣ пешкаши ҳозирин намуданд. Дар натиҷаи баррасии масъалаи мазкур, роҳбари муассиса н.и.т. Ашуриён Ш.С. ба деканони факултетҳо барои омодасозии ҳуҷҷатҳо ва ба мутахассисони масъул баҳри баргузори тақсимоти фардии хатмкунандагон ба ҷойи кор дастуроти мушаххас доданд. Оид ба ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои Аттестатсияи давлатии хатм сардори шуъбаи таълим Аслонова З. сухан ронда, аз мудирони кафедраҳо даъват ба амал оварданд, ки ҳангоми ба тартиб овардани ҳуҷҷатҳо талаботҳои низомномаи Аттестатсияи хатм риоя карда шаванд. Барои иштирок ва сазовор гаштан ба ҷойҳои ифтихорӣ дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва олимпиадаҳо роҳбари муассиса ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд, аз ҷумла қайд гардид, ки донишҷӯёни беҳтаринро дарёфта, баҳри иштирок дар чорабиниҳои зикргардида ҳавасманд гардонида шаванд. Ҳамзамон роҳбари муассиса н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки миёни донишҷӯписарон оид ба моҳияти хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шавад, зеро ин боиси баланд шудани сатҳи ҳуввияти миллӣ ва ватанпарастӣ дар ниҳоди ҷавонон мегардад. Дар робита бо ин ба мудири кафедраи тарбияи ҷисмонӣ Холов Т. дастур дода шуд, ки намудҳои гуногуни чорабиниҳои варзишӣ миёни донишҷӯёну омӯзгорон ташкил карда шуда, ғолибон барои иштирок дар чорабиниҳои беруниколлеҷӣ сафарбар карда шаванд. Дар ҷамъбасти кори ҷаласа, роҳбари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” бо пайравӣ аз иқдомҳои башардӯстонаи Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои дастгирии моддӣ ва маънавии донишҷӯёни ятиму бепарастор ва маъюб, инчунин кормандони ниёзманд дар арафаи Иди саиди Фитр ба масъулин дастури мушаххас доданд. Пеш 1 то 9 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан